Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабаби баста шудани шабакаи иҷтимоии Однокллассникиро техникӣ ё фаннӣ хонданд. Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 31 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки "баста шудани Одноклассники сабаби техникӣ дорад." Хонум Холмуродова, дар мавриди муроҷиат ё номаҳои раҳбарияти шабакаи Одноклассникӣ ба Хадамоти алоқа гуфт, ки "мактуб аз масъулони шабакаи Одноклассники дастрас шудааст ва ҳоло худи Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи ҳукумати Тоҷикистон бевосита бо раҳбарияти ин шабака вориди суҳбат аст." Ин ҳам дар ҳоле, ки пас аз масдуд шудани шабакаи иҷтимоии Одноклассники дар 19 моҳи ҷорӣ раҳбарияти ин шабака мегӯяд, ду маротиба ба Хадамоти алоқаи ҳукумати Тоҷикистон нома ирсол кардааст, аммо то ҳол посух дарёфт нанамудааст. Ҳамзамон масъулони Хадамоти алоқаи ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба баста шудани сомонаҳо бо дастури ин ниҳод гуфтанд, ки "Хадаомти алоқа ҳеҷ гуна дастур дар мавриди масдуд кардани сомонаҳои интренетӣ на дар шакли хаттӣ ва на дар шакли шифоӣ надодааст ва ҳоло ин мушкил мавриди омӯзиш қарор дорад. Ба иддаъои ин масъулон "Хадамоти алоқа дар масдуд шудани сомонаҳо гунеаҳкор нест. Тибқи иттилои масъулони хадамоти алоқаи ҳукумати Тоҷикистон теъдоди истифодабарандагони шабакаи Ҷаҳонии Интернет дар қаламрави ин кишвар 3, 8 миллион нафарро ташкил медиҳад.