Амрико аз парвандаи Михаил Саакашвилӣ "нигарон" аст

Михаил Саакашвилӣ

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, аз дуруст кардани парвандаи ҷиноӣ бар зидди Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон “нигарон” аст.

29 июл дар сомонаи вазорат дар ин бора эъломияе ба нашр расидааст. Дар он омадааст: “Уҳдадориҳо дар бораи авлавияти қонун ба ин маъност, ки дар ҷомеаи демократӣ ҳар кас бояд дар назди қонун ҷавобгар бошад ва низоми қонунӣ набояд чун василаи ситонидани интиқомҳои сиёсӣ истифода шавад”.

28 июл додситонҳои Гурҷистон гуфтанд, ки бар зидди Саакашвилӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин парванда суистифода аз мақом, яъне аз пароканда кардани тазоҳуроти эътирозии моҳи ноябри соли 2007 дар Тифлис то ба “ғасб”-и маркази телевизионии Имедӣ дохил мешавад.

Михаил Саакашвилӣ баъд аз хатми давраи дуввуми раёсати ҷумҳуриаш дар охири соли гузашта Гурҷистонро тарк кард.