Раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб аз амалкарди зердастонаш дар боздошти вакили додгустарӣ Шӯҳрат Қудратов ҳимоят кард ва гуфт, "боздошти Қудратов дар чаҳорчӯби қонун сурат гирифта, "худи Ғоиб шахсан ба ӯ хусумате надорад.
Ба суоли он ки оё метавонист, Қудратов то поёни тафтиши ҷиноӣ дар озодӣ ё ҳабси хонагӣ бошад, ҷаноби Ғоиб посухи рад дод ва афзуд, дар озодӣ мондани гумонбаршудаи ришва метавонист ба ҷараёни таҳқиқи парванда таъсири манфӣ гузорад. Раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ишора намуд, ки иттиҳоми нисбати Шӯҳрат Қудратов танҳо бо як маврид маҳдуд намешавад ва ба зудӣ ҳолатҳои дигари қонуншинканиҳои Қудратов эълон хоҳанд шуд.
Ҷаноби Ғоиб дар маврид сару садо атрофи боздошти Шӯҳрат Қудратов гуфт, ки "албатта фарде, ки ҷиноят кардааст ва боздошт мешавад. ҳатман сару садо атрофи вай сурат мегирад, аммо факт он аст, ки ин фард ҷиноят содир кардааст ва тибқи қонун муҷозот мешавад."
Раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия аз ҷинояти ахир бо ширкати Шӯҳрат Қудратов ёдоварӣ кард ва гуфт, ки дар мавриди масъалаи пора додан ба додрас, наворҳои оперативӣ аст ва даст доштани Қудратов дар ин ҷиноятро собит мекунад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, гуфт, пас аз як моҳ наворҳои сабтие, ки бевосита овози худи Шӯҳрат дар гирифтану додани пора вуҷуд дорад, паҳн хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ҷаноби Ғоиб, маблағи 2, 500 доллар пора маблағи хеле калон аст ва чунин таҷриба аст, ки адвокатҳо ё вакилони дифои мо аввал зерҳимояро муттаҳаам мекунанд ва баъдан аз вай маблағи талаб мекунанд. Танҳо дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ нисбӣатии 17 нафар вакилони дифоъ парвнади ҷиноӣ боз шудааст.
Ин дар ҳолест, ки 11 созмони ҳомии ҳуқуқ ва 5 адвокати шинохтаи тоҷик дар як изҳороти муштарак дар вокуниш ба боздошти Шӯҳрат Қудратов хостори қатъи фишору таъқиб ва дахолат ба кори вакилони мудофеъ шуданд.
Гурӯҳи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва 5 вакили мудофеъ дар Тоҷикистон рӯзи 24 июл бо пахши як изҳороти муштарак аз афзоиши мавридҳои таъқибу боздошти вакилони мудофеъ, бахусус Шӯҳрат Қудратов изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, то «аз дахолати мустақим ва ё бавосита ба фаъолияти адвокатҳо худдорӣ варзанд, аз ҳама гуна саркӯбсозии онҳо даст кашанд» ва парвандаҳои Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокировро«воқеъбинона ва беғаразона» таҳқиқ кунанд.
Дар изҳорот гуфта шудааст, ки Қудратов баъди Зокиров инак дувумин вакили вазири собиқи саноат Зайд Саидов аст, ки аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт мешавад. Ба ақидаи муаллифон, мақомот набояд адвокатро бо зерҳимояаш тавъам бубинанд ва таҳти таъқибу фишор қарор диҳанд. Бино бар ин изҳорот, «беҷазоӣ барои чунин таъқибот дар кишвар ба адвокатҳои дигар таъсири манфӣ расонида, сифати кори онҳоро коҳиш медиҳад ва маҷбур месозад, ки онҳо аз пеш бурдани парвандаҳои муайян даст кашида, дар фазои тарсу ҳарос аз ҳаёти худ ва аъзои оилаашон, ки ба онҳо низ хатар таҳдид мекунад, фаъолият баранд.»