Бинобар хабари Федератсиони футболи Тоҷикистон ҷамъомади таълимиву тамринии даста бо раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев шоми сешанбе дар урдугоҳи Академияи футболи “Истиқлол”, дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, оғоз ёфт.
Аз 4-уми август даста дар Душанбе тамрин мекунад. Ба ҳайати дастаи мунтахаб 23 бозигар даъват шудааст, ки дар байни онҳо ду легионер ҳастанд. Яке Давронҷон Эргашеви 26-сола, ҳимоятгари тими «Жетису»-и Қазоқистон ва дигаре Нозим Бобоҷонов-и 18-сола, нимҳимоятгари «Рубин»-и Қазон, мебошанд. Эргашев ба даста 5-уми август ҳамроҳ мешавад.
Вале Идибек Ҳабибуллоев, ҳимоятгари «Хайр», ки мағзи сараш такон хӯрдааст, дар бозии дӯстона бо мунтахаби Малайзия иштирок карда наметавонад. Бинобар ин ба ҷойи ӯ Умедҷон Шарифов, нимҳимоятгари 21-солаи «Истиқлол», даъват шудааст.
Бозии дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Малайзия 8-уми август дар Душанбе баргузор мешавад. Довари FIFA Александр Алиеви 27-сола аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола (ҳарду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ин гурӯҳи ҳакамон 4-уми майи соли равон дар Душанбе бозии дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистонро, ки бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфта буд, доварӣ кардаанд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад. Дар айни ҳол дар рейтинг ё феҳристи ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 124-ум ва Малайзия дар мақоми 151-ум қарор доранд.
Бозии дӯстона бо Малайзия барои мунтахаби Тоҷикистон дар мавсими имсола севум мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев баъди пирӯзӣ бар тими миллии Афғонистон, дар бозии дувум 7-уми июн дар Таллинн аз мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрдааст.
Ҳайати мунтахаби футболи Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов (ҳама аз «Истиқлол»).
Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарифов (ҳама аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Нозим Бобоҷонов («Рубин», Русия).
Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Комил Саидов, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарсе аз «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов (бе бошгоҳ).