Ба иттилои Федератсиони миллии таэквон-до (ИТФ) ва кикбоксинги Тоҷикистон дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ, ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон барпо мегардад, ширкати беш аз 600 варзишгар аз 52 кишвар дар назар аст.
Мусобиқот дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон доир мешавад. Дар доираи ин мусобиқот наврасон барои 14 маҷмӯи медалҳо ва собиқадорон барои 10 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Мусобиқот дар ду гурӯҳ - байни наврасони 14-15-сола ва16-17-сола - сурат мегирад.
Дар мусобиқаи собиқадорон варзишгарони синнашон 40-сола ва аз он боло ширкат варзида, дар се гурӯҳ - 40-49-сола, 50-59-сола ва аз 60-сола боло - рақобат мекунанд.
Қуръакашии мусобиқоти ҷаҳонӣ 6-уми август баргузор мешавад. Варзишгарон субҳи 7-уми август ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳанд кард.
Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 43 варзишгар шомиланд, ки 20 нафарашон духтаронанд. Дар мусобиқаи собиқадорон Тоҷикистонро чаҳор нафар намояндагӣ мекунанд.
Ба ҷуз ин, дар рӯзҳои баргузории мусобиқот дар Душанбе кунгураи Федератсиони байналмилалии таэквондо ITF доир хоҳад шуд.