Фоҷиаи ҳавопаймои мусофирбар дар як фурудгоҳи Тайван

Ҳавопаймои ATR-72

Дар ҷануби Тайван ҳангоми фуруди изтирории ҳавопаймои мусофирбари ATR-72-и ширкати ҳавопаймоии TransAsia Airways 47 нафар ба ҳалокат расида, 11 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба иттилои вазири нақлиёт ва мухобироти Тайван Йе Куан-ши, дар ҳавопаймо 54 мусофир ва 4 халабон ҳузур доштанд. Ҳавопаймо, ки аз шаҳри Каосюн ба шаҳри Пэнху, воқеъ дар ҷануби Тайван парвоз мекард, ҳангоми фуруд омадан оташ гирифт.

Сабабҳои рӯ додани ҳодиса тафтиш мешаванд.