Дар ин бора ба сомонаи Федератсиони футболи Тоҷикистон Муҳаммад Юсуф Коргар, муовини раиси Федератсиони футболи Афғонистон хабар додаст. Ба гуфтаи ӯ бо мураббиёни тоҷик шартнома ба имзо расидааст.
Мутахассисони тоҷик ба дастаҳои Афғонистон дар мавриди баргузории мусобиқаи қаҳрамонии ин кишвар, ки моҳи сентябр шурӯъ мешавад, раҳбарӣ мекунанд.
Ба Кобул Боирҷон Эгамбердиев, муовини мудири техникии ФФТ оид ба маълумоти мураббигӣ, Аҳлиддин Турдиев, собиқ сармураббии дастаи «Далерон»-и Истаравшан, Тоҳирҷон Муъминов, сармураббии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, Ғайраталӣ Мираҳмадов, собиқ сармураббии «Равшан»-и Кӯлоб, Валиҷон Эгамбердиев, мураббии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол, Наҷмиддин Толибов, собиқ сармураббии «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва Ҳасан Раҷабов, собиқ менеҷери мунтахаби миллии Тоҷикистон, мераванд. Ба онҳо боз як мутахассис - Усмон Тошев аз Узбакистон, ки мушовири ФИФА ва АФК мебошад, ҳамроҳ мешавад.
Ба гуфтаи Муҳаммад Юсуф Коргар, мутахассисони Тоҷикистон ва Узбакистон нимаи моҳи август озими Кобул мешаванд ва бо дастаҳои худ давраи омодагиро ба мусобиқаи қаҳрамонии Афғонистон анҷом медиҳанд. Ба кадом дастаҳо раҳбарӣ кардани онҳо баъди ба Кобул омаданашон маълум хоҳад шуд.
«Дар мусобиқаи қарибулвуқуи қаҳрамонии Афғонистон ҳашт даста ширкат мекунад. Мо ҳанӯз имконияти ҳам дар хона ва ҳам дар меҳмонӣ бозӣ кардани тимҳоро надорем. Бинобар ин бозиҳо танҳо дар Кобул баргузор мешаванд. Бар асоси шартномаи имзошуда мураббиёни тоҷик дар Афғонистон ҳазор доллар моҳона мегиранд. Инчунин барои ғалаба ҷоизапулӣ дар назар аст», - гуфтааст Юсуф Коргар.
Муовини раиси Федератсиони футболи Афғонистон, инчунин, иброз доштааст, ки қаҳрамони Афғонистон ҳуқуқ пайдо мекунад соли оянда дар Ҷоми АФК ширкат намояд.