Ҷудоиталабони Украина ду "сандуқи сиёҳ"-ро ба Малайзия доданд

Ukraine -- Monitors from the OSCE and members of a forensic team visit the crash site of Malaysia Airlines Flight MH17 near the village of Hrabove, Donetsk region, July 21, 2014

Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина рӯзи сешанбе ду "сандуқи сиёҳ"-и ҳавопаймои сарозершудаи Малайзияро ба мақомоти Куала-Лумпур таслим кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, ҷудоиталабони ҳамчунин дар як нишасти хабарӣ эълом кардаанд, бо барқарории оташбас то даҳ километрии макони суқути ҳавопаймо мувофиқат кардаанд. Ин оташбас ба коршиносони байналмилалӣ имкон медиҳад, ки ба баррасии боқимондаҳои ҳавопаймо бипардозанд.

Торнамои рӯзномаи "Guardian" гузориш додааст, ки Наҷиб Раззоқ, нахуствазири Малайзия барои музокира бо раҳбари ҷудоиталабон Александр Бородай ба шарқи Украина сафар карда буд.

Ҳукумати Украин эълом кардааст, ки қатори ҳомили ҷасадҳои ҷамъоваришудаи қурбониёни ҳавопаймои мусофирбари сарнагуншудаи Малайзия низ аз минтақаи таҳти назорати ҷудоиталабон роҳии шаҳри Харков шудааст то ба коршиносони ҳолландӣ супурда шаванд.

Дар ҳамин ҳол Шӯрои Амнияти СММ рӯзи душанбе бо ҳимояти Русия сарнагунии ҳавопаймои мусофирбари Малайзияро маҳкум карда, хостори дастрасии комил ба минтақаи ҳодиса дар шарқи Украина, ки зери назорати ҷудоиталабон мебошад, шуд. Пешнависи шадиде дар ин мавридро Австралия омода карда буд, ки дар он хостори таҳқиқоти байналмилалӣ ва ба панҷаи қонун супурдани сабабгорони ин ҳодиса шуда буд.

Ҳавопаймои Боинг-777, ки дар масири Амстердам-Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июл дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард. Дар ин ҳодиса ҳамаи 298 мусофир ва аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд. То имрӯз ҷасади 251 нафари онҳо ошкор карда шудааст.