Яке аз раҳбарони ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина гуфт, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамлаи густурда ба мавқеъҳои ҷудоихоҳон дар шарқи шаҳри Донетскро шурӯъ карданд. Сергей Кавтарадзе, як мақоми ҷумҳурии худхонаи Донетск, рӯзи душанбе хабар дод, ки чаҳор тонк ва чанд зиреҳпӯши нерӯҳои украинӣ талоши вуруд ба шаҳрро карданд.
Хабаргузориҳо аз таркиш наздикиҳои вокзали шаҳр ва чаҳор сӯ фирор кардани одамони зиёде хабар доданд. Бар пояи бархе хабарҳо, бозори назди истгоҳи роҳи оҳан оташ гирифта, вокзали “Западний” баста шудааст.
Аз ҷониби фурудгоҳ низ садои тирандозӣ ва таркишҳо ба гӯш мерасад. Аз тири тӯпхона як манзили 9-қабата дар шаҳр осеби ҷиддӣ дидааст. Дар бораи талафот дар ин задухӯрдҳо ҳанӯз иттилое зери даст нест.
Шаҳрдории Донетск аз мардум хост, ки аз манзилҳояшон берун нараванд ва аз истифодаи чанд роҳ, аз ҷумла, шоҳроҳи Красноармейское парҳез кунанд.
Як мансабдори вазорати дифои Украина ба хабаргузориҳо гуфт, ки “марҳалаи фаъол”-и амалиёт дар Донетск шурӯъ шудааст ва аммо аз тавзеҳоти бештар худдорӣ кард.