Ҳукумати Украина шӯришиёни ҷонибдори Русияро муттаҳам кард, ки талош доранд дар маҳали суқути ҳавопаймои мусофирбарии Малайзия нишонаҳои суқути ҳавопайморо нобуд созанд.
Аз сӯи дигар матбуоти Украина аз қавли Павел Климкин-вазири корҳои хориҷаи Украина хабар додаанд, ки кумиссиюни муштараке аз ҳисоби коршиносони Ҳолланд, Малайзия ва Украина ташкил шудааст.
Ин коршиносон 19 июл талош карданд худро ба маҳали суқути ҳавопаймо расонанд, вале ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия аз ин кор пешигирӣ карданд.
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, нишонаҳое вуҷуд дорад, ки ин ҳавопаймои мусофирбари Малайзияро бо мушаки замин ба ҳаво аз минтақае задаанд, ки он дар контроли ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия қарор дорад.
18 июл Шӯрои Амнияти СММ ба иттифоқи оро хост, ки ба суқути ҳавопаймои мазкур расидагии ҳамаҷониба ва мустақил сурат бигирад. Дар ин ҳодиса 298 кас нобуд шуданд.