Кумитаи расидагии Русия 16 июл гуфт, ки Валерий Башкатов-сардори гурӯҳи хадамоти метрои Маскав ва Юрий Гордов-ёвари вай боздошт шудаанд ва барои риоят накардани муқаррароти амниятии метро муттаҳам дониста мешаванд.
Владимир Маркин-сухангӯи Кумитаи расидагии Русия гуфт, гурӯҳи бозрасон бар ин боваранд, ки механизми дигар кардани самти роҳи оҳан нодуруст гузошта шудааст.