Нишони биринҷии ду хонандаи тоҷик дар Кейптаун

Фаррух Каримов ва Рустами Убайдулло - ду хонандаи тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии математика медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар олимпиадаи байналмилалии математика, ки ин бор дар шаҳри Кейптауни Африқои ҷанубӣ баргузор шуд, Тоҷикистонро шаш муҳассили гимназияи “Ҳотам ПВ” ва литсейи туркии ба номи Ҳоҷи Камол намояндагӣ мекарданд.

Аз миёни онҳо Фаррух Каримов, хонандаи гимназияи Тоҷикистону Русия “Ҳотам ПВ” ва Рустами Убайдулло, хонандаи литсейи туркии ба номи Ҳоҷи Камоли Душанбе пируз шуда соҳиби медали биринҷии ин олимпида шудаанд. Тавре дар торнамои расмии олимпиадаи ҷаҳонии математикҳо омадааст, дар сабқати Кейптаун 560 нафар хонандагон аз 123 кишвари дунё ширкат карданд.

Хонандагони Тоҷикистон сар аз соли 2005 дар ин олимпиадаи байналмилалӣ ширкат меварзанд. Сар аз соли 2005 муҳассилини тоҷик дар ин олимпида 3 медали нуқра, 11 нишони биринҷӣ ва 25 грамотаи фахрӣ ба даст овардаанд. Аксарияти кулли хонадагоне, ки дар ин олимпида ширкат варзида ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд шогирдони гимназияи Тоҷикистону Русия Ҳотам ПВ ва литсейҳои туркӣ ҳастанд.

Олимпидаи байналмилалии математикҳо байни муҳассилини синфҳои болоӣ соли 1959 аввалин маротиба дар Руминия баргузор шудааст.