Гуфтушуниди тоҷикҳову қирғизҳо дар Қайроқум ва Исфара

Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев

11 июл дар шаҳри Қайроқум ва Исфара дар шимоли Тоҷикистон музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли бӯҳрони марзӣ аз сар гирифта шуд ва дертар дар Исфара идома пайдо кард. Муродалӣ Алимардон-муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Абдураҳим Маматалиев-ҳамтои қирғизи вай 11 июл ба тавофуқ расиданд, ки барои расидагӣ ба тирандозии ахир дар марзи миёни ду кишвар дар ҷазирақаламрави Ворух кумиссиюни муштараки ҷонибҳо ташкил шавад.

Дар ин тирандозӣ аз ҷониби Тоҷикистон як нафар кушта, 7 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. 2 нафари онҳо сарбозони нируҳои марзбонӣ мебошанд.

Барои ин тирандозӣ ҳар ду ҷониб якдигарро муттааҳам мекунанд. Баъдтар ҷониби Қирғизистон иддао кард, ки ҷониби Тоҷикистон хумпораандоз ва мушакандозро ба кор бурдааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки як марзбони онҳо захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудааст.