Аз "Баҳори Араб" то фасод. Хитоби Э.Раҳмон ба додситонҳо (ВИДЕО)

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ширкат дар ҳайати мушовараи додситонии кул, ки намояндагони сохторҳои қудратӣ низ ҳузур доштанд, онҳоро ба саҳналгорӣ дар иҷрои вазифаҳои худ айбдор карда гуфт, ки онҳо ба доди мардум намерасанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ширкат дар ҳайати мушовараи додситонии кул рӯзи 10-уми июл дар толори "Кохи Ваҳдат", ки намояндагони сохторҳои қудратӣ низ ҳузур доштанд, онҳоро ба саҳналгорӣ дар иҷрои вазифаҳои худ айбдор кард ва гуфт, ки онҳо ба доди мардум намерасанд.

Берун аз матни расмии суханронии худ, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз воқеае ёд кард, ки ҳамчун саргаҳи “Баҳори араб” дар таърих мондааст. Худсӯзии ҷавоне, ки аз фишори зиёди мақомоти қудратӣ ба дод омада буд. Бо зикри ин Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки хунукназарии мақомот метавонад, ҳамин гуна таҳаввулоти бузургеро дар ҷомеа ба бор орад. Аз ин хотир президент таъкид кардааст, ки чораҳо оиди расидан ба арзу доди мардум ва ошкору бартараф намудани мушкилот бояд муассиру натиҷабахш бошанд.

Гузашта аз ин ҷаноби Раҳмон таъкид доштааст, ки аз аъмоли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди азхудкунии заминҳо хабар дорад ва бо чунин рафторашон худи онҳо раисони ноҳияҳоро ба ҷиноят водор мекунанд. Бинобар ин дастур дода шуд, ки дар амри рафъи камбудиҳо дар ин самти корӣ ва ҷорӣ намудани тартиботи муайян чораҳои "таъхирнопазир" амалӣ шаванд.

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон, ки дар ин нишаст ширкат дошт мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон, аз он ҷумла ба масъалаи мубориза бо ҷинояткорӣ, баррасии аризаву шикоятҳои шаҳрвандон ва парвандаҳои додгоҳӣ дар мӯҳлатҳои муқарарнамудаи қонун таваҷҷӯҳ кард.

Вай мегӯяд, «президент аз ҷумла таъкид карданд, ки арзу шикоятҳои мардум набояд рӯякӣ балки, ҳамаҷониба баррасӣ шаванд ва ва мардум посухи ҳамаҷонибаи қонунӣ бигирад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва дастгиркунӣ,ба ҳангоми банду басти ҷиноят ва ба ҷавобгари кашидани афроде, ки даст ба ҷиноят мезананд, далелҳо бояд танҳо бо роҳи қонунӣ ҷамъоварӣ гарданд. Онҳо бояд дар асои қонун баҳо дода шаванд, то боиси халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мо нагараданд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Ализода, президент ҳамзамон мавзӯи баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисонро матраҳ намуда, нафарони алоҳидаро дар масъалаи ҷо ба ҷо гузориҳои кадрҳо танбеҳ дод ва талаб кард, ки дар зуддтарин фурсат вазъ ислоҳ шавад. Ба ақидаи раисиҷумҳур дар сафи мақомот ҳанӯз шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ фаъолият мебаранд. Биноан, аз соли 2010 ба ин сӯ нисбат ба 1211 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар ин муддат, ба гуфтаи ӯ, 12 ходими додситонӣ барои вайрон намудани муқаррароти Кодекси одоби касбӣ аз кор дар ин ниҳод барканор карда шуда, Оҷонсии мубориза бо фасод аз соли 2009 ба ин тараф алайҳи 18 корманди додситонӣ парванда боз карда, 13 нафари онҳо алакай маҳкум шудаанд. Ҳамчунин 58 нафар аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои даст доштан дар гардиши маводи мухаддир муҷозот шудаанд.

Файзинисо Воҳидова

Президенти Тоҷикистон дар ҳоле, шеваи кори ниҳодҳои қудратиро ба боди интиқод кашид, ки Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ҷомеа ба ин мақомот қариб дастрасӣ надорад. Хонум Воҳидова мегӯяд, "аз тарафи дигар бубинед, вақте онҳое, ки бояд бо ҷинояткорӣ мубориза баранд, баръакс даст ба ҷиноят мезананд, ки фаъолияти онҳо зери суол мебарад. Дар хусуси сохтмони қасру кӯшкҳо худи президент гуфт, ки маоши минималии онҳо 1000 сомониро ташкил мекунад, аммо мебинем, ки ин кормандон бо хударви 50- 60 ҳазор доллара гашту гузор мекунананд ва ё қасрҳо бунёд месозанд."

Хонум Воҳидова мегӯяд, шаҳрвандон аксаран аз он шикоят мекунанд, ки мақомоти қудратӣ бо мардум аксаран муомилаи бад доранд ва аз таҳдид кор мегиранд. Дар ҳамин ҳол, Зафар Қурбонов, яке аз дигар ҳуқуқдонҳои тоҷик низ мегӯяд, имрӯз мардум ба кормандони ин ниҳод эътимод надоранд ва аз бархӯрди ноодилонаи онҳо хаста шудаанд. Вай гуфт, «худи бисёр аз он азият мекашам, ки дар бархе аз парвандаҳои ҷиноятӣ агар боздошта номи нафареро бигирад, ки ӯ ҳам гуё шарики ӯ буд вале ҳеҷ далелу исботе нест, наафраи сеюмро меоранд. Ва ӯ ҳарчанд талиб орад, ки дар ин ҷиноят шарик нест, вале мақомот ин арзи ӯро намешунавад ва ба инбоат ҳам намегирад ва танҳо гуфтаи боздоштшударо мегиранд.»

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон низ, бинобар якҷониба ё нопурра будани таҳқиқу тафтиши пешакӣ дар давоми солҳои 2009 – 2013 дар маҷмӯъ 396 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 605 нафар ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шудаанд. Ғайр аз ин, бо ҳукми додгоҳҳо 190 нафар, аз ҷумла 52 нафар пурра ва 138 нафар қисман сафед карда шудааст. Дар зимн, паёми раисиҷумҳур арқому омори зиёде дошт ва ҳатто хурдтарин қонуншиканиҳоро дар кишвар фаро гирифт.

Э.Раҳмон: Дар 5 сол 590 мақоми давлатӣ ба ҷавобгарӣ кашонда шудаанд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ҳайати мушовараи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, аз соли 2010 ба ин сӯ 590 корманди мақомоти ҳифзи қонун бо иттиҳоми фасод ва сӯиистифода аз мақом ба масъулият кашонда шудаанд.

Раисиҷумҳури Тоюҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 июл дар ҷаласаи ҳайати мушовараи додситонии кулли Тоҷикистон дар Кохи Ваҳдат аз фаъолияти ин ниҳод дар 15 соли охир (2000-2014) натиҷагирӣ кард. Эмомалӣ бо ёдоварӣ аз 50 маротиба афзудани маоши кормандони додситонӣ, ки соли 2000 ҳамагӣ 20 сомонӣ будааст, гуфт, танҳо дар 8 соли охир барои таъмини шароити кори 872 корманди додситониҳо 131 миллион сомонӣ, муодили қариб 27 миллион доллар масраф шудааст.

Аммо бахши аъзами сӯҳбатҳои раисиҷумҳур дар бораи ҷурму ҷиноятҳо ва фасод дар сохторҳои интизомӣ буд.

Дар масъалаи фасод ва терроризм

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бо вуҷуди талошҳо мавридҳои ба фасод ва сӯиистифода аз мақом даст задани кормандони додситонӣ то ҳол мушоҳида мешавад. Ба ҳисоби раисиҷумҳур, аз соли 2010 ба ин сӯ “590 корманди мақомот- шахсони масъули назораткунандаи қонуният ва тартибот барои вайрон кардани интизоми хизмативу меҳнатӣ ва ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ муҷозот гирифтаанд.” Дар ин муддат, ба гуфтаи ӯ, 12 ходими додситонӣ “барои вайрон намудани муқаррароти Кодекси одоби касбӣ” аз кор дар ин ниҳод барканор карда шуда, Оҷонсии мубориза бо фасод аз соли 2009 ба ин тараф алайҳи 18 корманди додситонӣ парванда боз карда, 13 нафари онҳо алакай маҳкум шудаанд. Оқои Раҳмон афзуд, додситонҳо бештар бо ҷиноятҳое, чун гирифтани пора, қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ, сӯиистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколат ва боздошти шаҳрвандон бо мақсади тамаъҷӯӣ дастгир мешаванд.

2515 парванда дар масъалаи тақсими замин

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ аз гароиши шаҳрвандони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгаро гуфт, “дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандони кишвар фирефтаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромарзӣ, эмиссарҳои ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва корфармоёни қаллоб гардида, ба содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб карда мешаванд.”

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба масъалаи барои Тоҷикистон ҳассоси тақсими замин дахл кард ва гуфт, дар 10 соли охир “2000 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ба ҳолати аввала баргардонида шудааст, вале ҳолатҳои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо, истифодаи ғайримақсадноки заминҳои фонди ҷангал ва чарогоҳҳо, гузашта аз ин, ишғоли худсаронаи қитъаҳои замин, бахусус заминҳои обӣ ва дар онҳо бунёд кардани манзили истиқоматӣ ва иншооти дигар боиси ташвиши ҷиддӣ мебошанд.” Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр гуфт, дар робита ба тақсими ғайриқонунии замин дар кишвар дар 10 соли охир 2515 парванда боз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, “аз 3450 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, ки бо эътирози прокурорҳо аз соли 2010 инҷониб бекор карда шудааст, 2627 адад ё зиёда аз 76 фоизро қарорҳо оид ба замин ташкил медиҳанд.”

Оқои Раҳмон гуфт, дар ду даҳаи охир масоҳати заминҳои наздиҳавлӣ дар Тоҷикистн қариб 3 маротиба афзудааст ва агар дар соли 1990 майдони умумии заминҳои наздиҳавлигӣ 77 ҳазор гектар буд, “ҳоло ин рақам 210 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Яъне дар давоми ҳамагӣ 23 соли истиқлолият ба мардум барои сохтмони манзил ва беҳтар кардани шароити зист 133 ҳазор гектар замин ҷудо ва тақсим карда шудааст.”

Э.Раҳмон: Дар якуним сол 1640 падару модар муҷозот шуданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10 июл дар нишасти ҳайати мушовараи додситонии кул гуфт, дар давоми як соли ахир 1640 нафар волидон барои риоя накардани қонун дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши мизони ҷурму ҷиноят тавассути ҷавонону ноболиғон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки садамаҳо бо ширкати ҷавонон бештар шуда ва ҳатто аз як хонавода 6 - 7 нафар ба ҳалокат расидаанд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 июл зимни суханронӣ дар нишасти ҳайати мушовараи додситонии кулл дар толори "Кохи Ваҳдат" фаъолияти 15 соли додситонии кулли Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба баррасӣ гирифт. Бино ба иттилои расмӣ, таъкид шуд, ки дар заминаи таъмини ҳуқуқ озодиҳои шаҳрвандон дар солҳои охир иқдомоти ҷиддие рӯи даст гирифта шудааст.

Аммо раисиҷумҳур бо таъкид ба иҷрои қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва қонуни танзими расму ойинҳо ва маросимҳои миллӣ гуфтааст, ки дар соли 2013 ва 5 моҳи соли ҷорӣ барои нақзи муфоди қонун 1640 нафар падару модарон ба ҷавобӣгарӣ кашида шуданд.

Раиси ҷумҳур ҳамчунин ба масоили тақсими ғайриқонуни замин, бахусус заминҳои обӣ дахл карда, гуфт, ки дар 10 соли ахир 2 ҳазор гектар замин “ба ҳолати аввала баргардонида шуд” ва бо ҷурми тақсими ғайриқонуниии замин 2 515 парванда боз шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи иттилои расмӣ то кунун дар кулли Тоҷикистон 133 ҳазор гектар замин ба мардум барои сохтмони манзил тақсим шудааст.