Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, донишманди илми фиқҳ мегӯяд, гармо бархе аз эътиқодмандон, ба вижа, онҳоеро, ки ба корҳои сангин машғуланд, сахт нигарон кардааст. Дар намози ҷумъа, ба гуфтаи ӯ, баъзеҳо бо суолҳои зиёд дар пайи ёфтани чорае дар ин маврид шуданд. “Аслан баъзеҳо мехоҳанд, ки аз рӯза худдорӣ карданашонро бо ягон ҳарфи мулло тавзеҳ кунанд ва бори гуноҳро бар дӯши онҳо андозанд, ҳол он ки пеши Худованд ҳама якеанд - ҳам муллову олим ва ҳам деҳқони хокпош”, мегӯяд донишманд. Ӯ меафзояд, “ҳама ибодатҳои мо имтиҳонанд ва дар гармои тобистон ё сармои қаҳратуни зимистон гирифтани рӯза барои ҳама фарз аст, магар он, ки кас мариз ё дар сафар бошад”.
Ба ҷуз афроди мариз ва дар ҳоли сафар занҳои ҳомиладор ва афроди пиру нотавон ҳам барои рӯза доштан маҷбур нестанд, аммо онҳо муваззафанд, ки барои ҳар рӯзи моҳи Рамазон таоми як каси фақирро муҳайё созанд.
МОҲИ ПУРФАЙЗУ ФУТӮҲ ВА ПОКИИ ТИНАТУ РӮҲ
Хайём Каримов, духтури маркази тиббии ба номи Синои шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар ҳавои тафсони тобистон рӯза доштан воқеъан ҳам мушкил аст ва чун рӯзҳо хело тулониянд ба бисёриҳо хатари беобии ҷисм таҳдид мекунад, аз ин рӯ рӯзадорон бояд субҳ ва дар ифтор зиёд обу чой ва шарбат нӯшанд. Аммо табиб ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми ифтор яку якбора шикамро пур кардан метавонад паёмади номатлуб дошта бошад. “Субҳ таомҳои серғизо, аз ҷумла, масолеҳи шириро бештар бояд тановул кард, ҳангоми ифтор бошад саросема набояд шуд ва баъд аз каме ғизо хӯрдан кас як муддат бояд таваққуф кунад ва баъд аз даҳ-понздаҳ дақиқа
ифторро идома диҳад. Шом бояд таоми сабук тановул кард, дар ифтор якбора як табақ оши палавро хӯрдан баробари он аст, ки бо болға ба сари меъда мезанӣ”.
Ба гуфтаи Хайём Каримов, рӯза барои одамоне, ки бо маризиҳои дил ва вазни аз меъёр беш мубталоянд, фойида дорад, аммо касоне, ки аз маризиҳои меъда, гурда ва ҷигар ранҷ мекашанд, бояд аз рӯзадорӣ худдорӣ кунанд ваё фақат баъди машварати табибон рӯза доранд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи донишмандони илми фиқҳ, афроде, ки бо вуҷуди ташнагии сахт дар гармои тобистон рӯза медоранд, аз марҳамати бештари Худованд бархӯрдор хоҳанд буд. Аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят аст, ки мегӯяд; паёмбари Ислом Муҳаммад (с) фармуд: “Ҳамоно дар биҳишт дарвозае аст, ки ба он "Райён" гуфта мешавад. Дар рӯзи қиёмат танҳо рӯзадорон аз он ворид мешаванд. Нидо дода мешавад: Рӯзадорон куҷо ҳастанд? Он гоҳ бармехезанд ва аз он дарвоза ворид мешаванд, пас аз он ки ворид шуданд, дарвоза баста мешавад ва каси дигар аз он ворид намешавад".
Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода мегӯяд, ки рӯза барои ҳар мусалмон фарз аст. Ӯ гуфтаҳои Паёмбари Ислом (с) дар Қуръони Маҷидро меоварад, "Эй касоне, ки имон овардаед, рӯзаи моҳи рамазон бар шумо воҷиб шудааст, ҳамон гуна, ки бар умматони пеш аз шумо низ фарз гардидааст, шояд, ки муҷиби тақво ва парҳезгорӣ ва итоати шумо аз амри Парвардигоратон гардид" (сураи “Бақара”, ояи 183). Расулуллоҳ (с) фармудааст, ки "Ислом бар панҷ чиз бино ниҳода шудааст: гувоҳӣ ба ваҳдонияти Аллоҳи таъоло ва гувоҳӣ ба рисолати Муҳаммад бин Абдуллоҳ (с) ва барпо доштани фаризаи намоз ва пардохти закот ва гирифтани рӯзаи моҳи рамазон ва баргузории фаризаи ҳаҷҷи Байтуллоҳи ҳарам".
Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, Рамазон моҳи пурфайзу футӯҳ, моҳи пурфатҳу шукӯҳ, покии тинату рӯҳ аст. Дар ин моҳ, меафзояд ӯ, "бояд ҳама ҷисми инсон рӯзадор бошад, забони мо рӯзадор бошад, чашми мо рӯзадор бошад, дасту пойи рӯзадор дошанд. Агар рӯзадор бо забонаш касеро меранҷонад, бо чашмаш ба номаҳраме менигарад, бо пояш ба ҷое меравад, ки макони нопоку гуноҳ аст, бо дасташ касеро озор медиҳад, пас рӯзаи ӯ рӯза нест.” Донишманд бо такя ба соҳибдиле меафзояд, ҳар кас дар ин моҳ дилозорӣ кунад, “на бӯи биҳишт бинаду не рӯи биҳишт”.
ШИЪАҲО НАМОЗИ ҶОМЕЪАРО ХУШ НАДОРАНД?
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят ҳам аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: "Ҳар амалу рафторе, ки инсон анҷом медиҳад, барои худаш мебошад, магар рӯза, ки он барои ман мебошад ва ман худ ба он подош медиҳам, рӯза аз гуноҳон ва маъосӣ ҷилавгирӣ мекунад, пас ҳар гоҳ яке аз шумо рӯза дошта бошад, аз бадгӯӣ ва сухани ношоиста ва аз фарёд кашидан ва рафтори аблаҳона иҷтиноб варзад. Агар касе ба вай фаҳш ва носазо гуфт, ё бо вай ба низоъ бархост, ба вай посух надиҳад, балки ду бор бигӯяд: ман рӯзадор ҳастам”.
Бар пояи шариат, мусалмоне, ки рӯзаро ҳатмиву зарур намехонад, ба куфр мувоҷеҳ мешавад.
Қарнҳои гузашта ҳокимон ҳақ доштанд, касонеро, ки бидуни далели ҷиддӣ аз рӯза рӯ метобад, ба зиндон баранд ва онҳоро аз бомдод то шом аз хӯрдану нӯшидан маҳрум кунанд.
Аз сӯи дигар, фақат мусалмони болиғ ҳаққи рӯза гирифтан дорад. Паёмбари Исломи Муҳаммад (С) гуфтааст, ки фақат се гурӯҳ барои гуноҳҳои худ ҷавобгӯ нестанд, одами хобида то бедор шудан, тифл то ба балоғат расидан ва ноқисулақл то сиҳат ёфтан”.
Муҳимтар аз ҳама дар Рамазон, ба гуфтаи мусоҳибони мо, тиловати Қуръони Маҷид аст, ки маҳз дар ҳамин моҳ нозил шудааст. Ҳар фарди мусалмон бояд фурсат ёфта ин китоби муқаддасро варақ занад.
Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии шинохтаи тоҷик мегӯяд, дар масъалаи Рамазон ва рӯза миёни ду мазҳаби асосии Ислом - сунниву шиа тақрибан тафовуте нест, фарқ фақат он аст, ки аҳли ташаннӯъ дар шинохти шом каме таъхир дорад. Ҳамчунин шиаҳо бо фарқ аз сунниҳо дар Рамазон ба дар танҳоӣ хондани намоз бартарӣ медиҳанд. Аммо, меафзояд ӯ, дар мавриди чанд ракъат хондани намози таровеҳ миёни худи сунниҳо ихтилофи назар мавҷуд аст. Ба гуфтаи Зубайдуллоҳи Розиқ, аксар мардуми мусалмон намози таровеҳро 20 ракъат мехонанд, аз ҷумла, дар Макка ҳам. Пайравони мазҳаби Ҳамбалӣ низ ин намозро 20 ракъат мехонанд. Вале пайравони Салафия, аз ҷумла, дар Тоҷикистон барои он пойфишорӣ доранд, ки фақат 8 ракъат хондани намози таровеҳ кофист. Зимнан, баҳсҳои ҷонибдорони Салафия дар мавриди рӯзаву намоз дар Тоҷикистон борҳо ба низоъ миёни намозгузорон печид ва аз ин рӯ Додгоҳи Олии Тоҷикистон чанд сол пеш ин ҷараёнро дар кишвар ғайриқонунӣ эълон кард.
ИОАНН ЗЛАТОУСТ: РӮЗА ФАҚАТ ХУДДОРӢ АЗ ҒИЗО НЕСТ
Рӯза дар дигар адён ҳанӯз то пайдоиши дини Ислом роиҷ буд. Дар ин адён ҳам рӯза бештар ба хотири покии тану рӯҳ аст. Иоанн Златоуст, ки аз сӯи Калисои православии рус муқаддас эълон шудааст, гуфта буд, касе, ки рӯзаро фақат худдорӣ аз ғизо мешуморад, иштибоҳ мекунад. “Рӯзаи ҳақиқӣ, ба гуфтаи ӯ, дурӣ ҷустан аз бадӣ, нигаҳ доштани забон, мавқуф гузоштани ғазаб, ҷилавгирӣ аз нафси ҳайвонӣ, худдорӣ аз тӯҳмату дурӯғ ва аз савгандшиканист”.
Дар шохаи православии дини масеҳӣ чанд рӯза мавҷуд аст, ки муҳимтаринаш Великий пост ё Рӯзаи Бузург ҳафт ҳафта қабл аз Пасха ё Иди Пок идома меёбад. Дар ин муддат рӯзадорон бояд аз хӯрдани гӯшт парҳез кунанд ва барои онҳо фақат ду рӯз истеъмоли гӯшти моҳӣ иҷоза аст. Дар калисои католикӣ Рӯзаи Бузург (Великий Пост) 40 рӯз то Иди Пок, ба ҷуз рӯзҳои якшанбе, идома мекунад.
Дар дини яҳудӣ –Йом Кипур ё Рӯзи бахшиши ҳамагонӣ аз рӯзаҳои асосӣ маҳсуб мешавад ва тайи як рӯз аз бомдод то пайдо шудани ситораҳо дар
осмон хӯрдану нӯшидан, шустушӯ кардани бадан, пӯшидани пойафзоли чармин, ба бадан равған молидан ва робитаи ҷинсӣ кардан манъ шудааст. Зимнан, Йом Кипур дар Исроил иди давлатӣ аст ва он рӯз ҳатто яҳудиҳое, ки ба дин эътиқод надоранд, рӯза мегиранд, аз ҳамдигар бахшиш мехоҳанд ва ба ибодатгоҳ мераванд. Он рӯз ҳама муассисаву мағозаҳо бастаанд, нақлиёт кор ва ҳавопаймоҳо парвоз намекунанд, радиову телевизион ҳам таътил аст. Дар ин рӯз ронандани мошин ҳам салоҳ нест ва одамон бештар аз дучарха истифода мекунанд . Гуфта мешавад, Йом Кипур ягона рӯзест, ки дар Исроил пул ҳеҷ қадр надорад.
Дигар рӯзаи яҳудиҳо – Тиша беАв (Ави нуҳӯм) ҳам аз субҳ бо шаб идома мекунад ва мамнӯъиятҳо чун дар рӯзаи Йом Кипуранд. Қабл аз ин рӯза яҳудиҳо се ҳафтаи мотам мегиранд ва дар ҳафтаи охири он дар оби гарм оббозӣ кардан, истеъмоли гӯшт ва шароб манъ шудааст.
Дар дини буддоӣ рӯза тақрибан вуҷуд надорад, зеро, ба пояи таълимоти Буддо, ҷисми инсон - асбобест барои фойида овардан ба ҳама ҷонзодҳо ва ҳимояти онҳо аз азият ва аз ин рӯ ғизо барои фаъолияти ҷисм басо муҳим аст. Аммо дар бархе ҳолатҳо буддоиҳо аз хӯрдани гӯшт, сирпиёзу пиёз ва нӯшидани машрубот парҳез мекунанд. Ин парҳез фақат як давраи хело кӯтоҳ идома меёбад. Ягона рӯзае, ки дар баъзе мавзеъҳо миёни буддоиҳо боқӣ мондааст, рӯзаи Упосатха аст , ки дар як моҳ чаҳор рӯз аст. Ин рӯза дар Ҳинд ҳанӯз замони то буддоӣ роиҷ буд. Дар ин рӯз мардум ба ибодатгоҳҳо мераванд ва барои роҳибон таом мебаранд. Онҳо ҳамчунин дар он рӯз ҳашт шарт, аз ҷумла, худдорӣ аз куштор, дуздӣ, робитаи ҷинсӣ, дурӯғгӯӣ ва рӯзе фақат як бор таом хӯрданро ба ҷо меоваранд ва аз хобидан дар бистари баланду васеъ парҳез мекунанд.
Печидатарин низоми рӯза дар дини ҳиндӣ ё индуизм аст - пайравони ин дин рӯзҳои алоҳидаи ҳафта, ки барои худоҳояшон "муқаддас" маҳсуб мешавад, рӯза медоранд. Бигирем, рӯзи душанбе рӯзи муқаддас барои худои Шиво аст ва шанбе – барои худои Хонумон. Онҳое, ки Девиро муқаддас мешуморанд, рӯзи сешанбе рӯза медоранд. Зимнан дар дини ҳиндӣ рӯза маънои парҳези комил аз хӯрдану нӯшиданро надорад – пайравони дин ширу ҷурғот ва меваҷотро истеъмол мекунанд ва аммо дар таҳияи таом, аз ҷумла, аз биринҷу гандум ва пиёзу сирпиёз истифода намебаранд.
Баҳоиҳо дар охирин моҳи соли баҳоӣ, ки аз 19 моҳ ва ҳар моҳе аз 19 рӯз иборат аст, рӯза мегиранд. Рӯзаи онҳо аз рӯзаи мусалмонҳо фарқе надорад, ба ҷуз он ки 19 рӯз идома мекунад. Дар дини баҳоӣ намози ҷомеъа, аз ҷумла, замони рӯза, роиҷ нест.