Ноиби раисиҷумҳури Аргентина Амадо Буду дар фасод айбдор шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, мақомоти тафтишотӣ рӯзи ҷумъа сиёсатмадорро дар он айбдор намуданд, ки соли 2010, ҳангоми вазири иқтисод буданаш бо ширкате, ки пули миллии кишварро чоп мекард, муомилаи ғайриқонунӣ дошт. Зимнан, маҳз ҳамин ширкат масъули чопи маводи интихоботии раисиҷумҳури феълӣ Кристина Фернандес Кишнер дар маъракаи интихоботии соли 2011 буд.
Амадо Буду, нахустин ноиби раисиҷумҳури Аргентина аст, ки замони ифои вазифа дар фасод муттаҳам мешавад. Худи ӯ ин иттиҳом ва талаби ба истеъфо рафтанро рад кард.