Украина, Гурҷистон ва Молдова рӯзи 27 июн дар Брюссел қарордодҳои калидии мушорикати иқтисодиву сиёсӣ бо Иттиҳодияро Аврупо (ИА)-ро имзо карданд. Украина ба қарордоди равобити наздиктари иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Аврупо имзо гузошт, вале Молдова ва Гурҷистон ҳамчунин ба паймони мушорикати сиёсӣ бо созмони қораӣ. Имзои ин созишномаҳо як қадами бузурги ин се кишвар ба сӯи Ғарб ва ҳамзамон дурӣ ҷустани ҳарсе аз Русия маънидод мешавад.
Ҳерман Ван Ромпуй, президенти Шӯрои Аврупоӣ – ниҳоди раҳбарии сиёсӣ бар Иттиҳодияи Аврупо - гуфт, “наслҳои оянда ин рӯзро дар ёд хоҳанд гирифт.” Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳодиияи Аврупо иаз ин ба баъд “беш аз ҳар вақти дигар” дар канори ин 3 кишвар истод хоҳад шуд. Ромпуй гуфт: “Ин қарордодҳо мисли асноди дигар танҳо қарордод нестанд, балки як нуқтаи гардиш дар таърихи равобити мо ва ба сурати умум дар таърихи Аврупоянд.“
Ҳам Ван Ромпуй ва ҳам Жозе Мануэл Баррозо, раиси Кумиссиюни Аврупо – ниҳоди иҷроияи Иттиҳодия Аврупо – таъкид карданд, ки ин созишномаҳо алайҳи Русия нигаронида нашудаанд. Баррозо аз ҷумла гуфт, Иттиҳодияи Аврупо дар пайи мушорикати истисноӣ бо ин 3 кишвар нест ва созишномаҳои имзошуда, “ба хотири расидан ба чизҳоест, на алайҳи ягон нафар.”
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Ғарибашвили гуфт, пайвастан ба узвияти хонаводаи Аврупо аз “орзуҳои қотеъ”-и кишвараш буд. Ғарибашвили расми имзои қарордодҳои 27 июнро “оғози як сафари бузург” номид: “Орзуи асосии Гурҷистон пайвастан ба узвияти комили хонаводаи муттаҳиди Аврупост. Ин созишномаи мушорикат пойдевори маҳкаме мешавад, ки Гурҷистон ояндаи аврупоияшро рӯи он хоҳад сохт.”
Ӯ афзуд, Абхозистону Осетияи ҷанубӣ – ду вилояти аз Гурҷистон ҷудошуда, ки Русия ҳардуро ҳамчун кишварҳои мустақил эътироф кардааст, низ метавонанд аз ҳамкории наздиктар бо Иттиҳодияи Аврупо баҳра бигиранд.
Сарвазири Молдова Юрий Линча гуфт, ин созишномаҳо барои кишвари ӯ “оянда”-ашро пешниҳод мекунад. Ӯ афзуд, Молдова “интихоби қатъӣ”-яшро кард ва ин интихобот ҳамоиш бо Аврупост.
Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко гуфт, имзои ин созишномаҳо метавонад “муҳимтарин рӯз” барои кишвараш аз замони касби истиқлол баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 шавад. Порошенко бо ишораи ба бӯҳрони сахти сиёсӣ дар вилоятҳои аксаран русзабони ҷануб ва шарқи Украина гуфт, “тайи моҳҳои охир, Украина дар роҳи ҷомаи амал пӯшондани орзуи пайвастанаш ба Аврупо нархи ҳадди аксар баландеро пардохт кард.” Порошенко эълон кард, ки ҳадафи ниҳоии Украина пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупост ва Киев барои ин “комилан омода шудааст.”
Раисиҷумҳури собиқ ва рӯ ба Маскави Украина Виктор Янукович дар моҳи ноябри соли 2013 аз имзои созишномаи ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупо ба хотири равобити наздиктар бо Маскав ва бо ҳидояти ҳамтои русаш Владимир Путин, ки ӯро пайваста ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё - созмонҳои минтақавии зери назари Маскав - мехонд, даст кашид. Ин тасмими ӯ ба мавҷи эътирозҳои давомдори маъруф ба “Евро-Майдон” дар маркази Киев ва шаҳрҳои дигари Украина оғоз гузошт, ки баъди 3 моҳ бо суқути давлати Янукович мунҷар шуд.
Қабл аз имзои созишнома, Петро Порошенко гуфт, барои имзо кардан дуруст қаламеро овардааст, ки Янукович бояд дар нишасти моҳи ноябр дар Вилнюс барои имзои созишномаи мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупо истифода мебурд. Ӯ гуфт, “наметавон пеши роҳи рӯйдодҳои таърихиро гирифт.”
Дар моҳи март, баъди тасарруфи Қрим аз сӯи Русия, Иттиҳодияи Аврупо бо Украина ба созишномаи мушорикат имзо карданд.
Брюссел нақша дошт, ки созишномаҳои мушорикати сиёсиву тиҷорӣ бо Кишинёв ва Тифлисро дар соли ҷорӣ, вале дертар имзо кунад, вале нигарониҳо дар бораи эҳтимоли мониагузории Маскав ба азми ин кишварҳо имзои ин қарордодҳои муҳим бо Гурҷистону Молдоваро тезонд. Ин қарордодҳо бозори 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо бо ним миллиард аҳолиро барои Украинаву Молдова ва Гурҷистон боз хоҳад кард.
Русия, ки паҳнои Шӯравии собиқро қаламрави нуфузи истиснои худ мешуморад, ба зичтар шудани равобити кишварҳои ин паҳно бо Ғарб, аз ҷумла бо Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО хеле бадрашкона муносибат карда, маъмулан чунин тамоюлро таҳдид ба манфиатҳои худ дар ин қаламрав мехонад. Ҳамин тавр, Маскав, ки ҳоло дар садади аз соли 2015 ба иҷро даровардани Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё бо Беларусу Қазоқистон аст, таҳдид кардааст, ки дар муқобили қаробати ёрони собиқаш бо Аврупо аз саддҳои иқтисодӣ кор хоҳад гирифт. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия рӯзи 27 июн такроран гуфт, Маскав дар сурати ба иқтисоди Русия таъсири манфӣ гузоштани созишномаҳои мушорикати имзошуда миёни Иттиҳодияи Аврупо ва ин 3 кишвари пасошӯравӣ аз тадобири ҷавобӣ истифода хоҳад бурд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад