Дар Кувайт дар чаҳорчӯбаи ҷашнвораи 17-уми байналмиллалии мусиқиву ҳунарӣ намоишгоҳи осори аккосӣ роҷеъ ба Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ 70 асари Шӯҳратҷон Ёров-аккоси тоҷик ба намоиш дорамад. Дар ин бора Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар як гуфтугӯи телефонӣ ба радиои Озодӣ хабар дод.
Дар маросими гушоиши намоишгоҳи осори аккосӣ, ки «Кишварам Тоҷикистон» ном дошт, намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Кувайт ва шахсиятҳои расмии Кувайт ширкат доштанд. Оқои Зубайдов гуфт:
«Зиёда аз 70 номгӯй аксҳо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Тоҷикистон дар 20 соли ахири истиқлолият ба намоиш гузошта шуд ва ҳадафи ин намоишгоҳ ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳони кувайтӣ ва хориҷӣ ба Тоҷикистон аст».
Дар ҷашнвора ҳамчунин ҳунармандони дастаи «Зебо»-и Вазорати фарҳанг рақсу таронаҳои тоҷикиро ба ҳуззор пешкаш карданд. Ҷашнвораи мазкур дар чаҳорчӯбаи қарордоди фарҳангии миёни ду кишвар баргузор шуд. Тоҷикистон сафорати худро дар Кувайт 3-юми январи соли 2013 боз карда буд.