Кабирӣ: "Аз Муҳаммад(c) беҳтар нестем, ки моро назананд" (ВИДЕО)

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар як гуфтугӯи вижа бо радиои Озодӣ дар мавриди муносибати ахири мақомот ба ин ҳизб, аз ҷумла тахриби қароргоҳи он дар Суғд сӯҳбат кард.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо радиои Озодӣ дар мавриди муносибати ахири мақмот ба ин ҳизб сӯҳбат кард.

Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ, оё вокуниши шумо ба тахриби қароргоҳи ҲНИТ дар вилояти Суғд чист?

Кабирӣ: Оне ки бинои ҳизбро дар Хуҷанд тахриб карданд, ягон заминаи ҳуқуқӣ ва қонунӣ надошт ва онҳо қабл аз ҳама мехостанд, ки пеши роҳи баргузории ҷашни Ваҳдатро дар вилояти Суғд бигиранд. Аз нигоҳи мо, зарбае ба раванди ваҳдати миллӣ зада шуд. Исбот карданд, ки барои баъзе масъулин ваҳдати миллӣ ҷуз як шиори хушку холӣ чизе нест. Барои онҳо он ваҳдат мӯҳтаво ва арзише надорад ва тарафи дигари сулҳро дар арафаи ин ҷашн метавонанд ба ин шакл таҳқир кунанд.

Озодӣ: Фикр мекунед, ин иқдом ҳам аз қабл тарҳрезшуда буд?

Кабирӣ: Аз рӯи сенарияе, ки амалӣ шуд, дар ҳама ҷо як хел буд - ҳам дар Бадахшону Кӯлоб ва ахиран дар шаҳри Хуҷанд. Ҳатто ин услубро алайҳи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон низ қаблан истифода бурданд ва вақте диданд, ки нисбати он ҳизб натиҷа дод ва дигар тақрибан кори онҳоро фалаҷ гардонду дигар наметавонанд нишасте доир кунанд, айнан ҳамин услубро дар нисбати ҳизби мо ҳам истифода бурда истодаанд.

Озодӣ: Пас тасмими баъдии шумо дар қиболи ин амалҳо чӣ хоҳад буд?

Кабирӣ: Мо ҳатман ба мақомоти судӣ ва додситонӣ муроҷиат хоҳем кард ва пайгирӣ хоҳем кард, ки он ҷуброн карда шавад ва касоне, ки ғайриқонунӣ бинои моро хароб кардаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро ин амал ҳеҷ заминаи ҳуқуқӣ надошт ва қонунгузорӣ ҳам муайян кардааст, ки дар сурати зарурати истифодаи ҷамъиятии ин ё он иншоот ё моликият, он бояд қабл аз ҳама бо тавофуқи тарафайн ва ҷуброни хисорот аз байн бардошта шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кабирӣ: "Аз Муҳаммад(c) беҳтар нестем, ки моро назананд"


Озодӣ: Оё шумо интизор будед, ки дар Хуҷанд низ дар нисбати шумо ҳамла сурат хоҳад гирифт?

Кабирӣ: Ростӣ гап дар Хуҷанд ман ин интизориро надоштам, чун ҳамеша муносибат хуб буд ва ҳеҷ мушкиле то соли гузашта вучуд надошт. Баъдан мардуми қисмати шимоли мо ҳамеша маъруф ба фарҳанг ва рафторҳои хоси худ буданд ва ҳатто то имрӯз ҳам ба ин эътиқод ҳастам, ки мардуми асили Хуҷанд аз ин кор нороҳатанд ва бовар ҳам дорам, ки на дар Бадахшону Кӯлоб ва на дар Хуҷанд мардум ҳеҷ айбе надоранд ва бо мо ҳам мушкилӣ надоранд. Ин доираҳое ҳастанд, ки чунин корҳоро дар ҳама ҷо ташкил мекунанд ва имкон дорад, ки дар минтақаҳои дигар ҳам ташкил шавад. Барои ҳамин ҳам, мо набояд аз мардум ва ё аз минтақае гиламанд бошем, балки аз мақомот ва ашхоси алоҳида гиламанд ҳастем, ки ба мардум тӯҳмат мезананд ва аз номи бадахшониҳову кӯлобиҳову хуҷандиҳо ва шояд фардо аз номи хатлониҳову душанбегиҳо ҳамин корро анҷом бидиҳанд ва ба ин амалашон обрӯи миллати худро мерезонанд.

Озодӣ: Чунин ҳодисҳо барои худдорӣ намудани шумо аз сафар ба дигар минатақҳо боис намешавад?

Кабирӣ: На, ҳеҷ гоҳ. Зеро ман ҳар гӯшаи Тоҷикистонро ватан ва хонаи худ медонам ва ҳатман сафар хоҳам кард. Агар нияти моро тағйир медод, ҳодисаҳои Бадахшон таъсир мегузошту мо Кӯлоб ва ё Хуҷанд намерафтем. Мо барномаҳое дорем, ки ҳатман ба зиёрати минтақаҳои дигар биравем. Ин як раванди табиӣ аст ва мо набояд аз он рӯҳафтода бошем. Агар аз лиҳози сиёсӣ фикр кунем, дар дигар кишварҳо ҳам ин гуна ҳодисаҳо рух медиҳанд. Аз лиҳози ақидавӣ ва арзишӣ агар фикр кунем, дар таърихи Ислом ҳам паёмбарон ин гуна азиятҳоро кашидаанд ва мо ҳеҷ гоҳ аз Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам беҳтар нестем, ки моро назананд. Ӯро ҳам ҳамватанонаш заданд, сангшапу латту кӯб ва аз ватан берун карданд, ки беҳтарини инсонҳо буд. Пас мо кӣ ҳастем, ки нисбати мо ин корҳо нашавад. Барои ҳамин, ин табиати роҳ аст ва мо онро идома хоҳем дод. Фақат як чиз нигарон мекунад, ки ин амалҳо ҷавононро як каме асабӣ месозад ва рӯҳафтода мекунад ва онҳо эътимодро ба интихоботу фаъолияти ҳизбӣ аз даст медиҳанд. Ва шиорҳои баъзе аз тундгароён дар ин ҷо асос пайдо мекунаду онҳо фирефтаашон мешаванд ва мегӯянд: бубинед, Кабирӣ ё Ҳизби наҳзат фирефтаи интихоботу демократияву ҳуқуқбунёдӣ шудаанд ва оқибати корашон ҳамин аст. Ба фикри онхо, бояд бо роҳҳои дигар мубориза бурд. Ва онҳо баъд бештар ҳодисаҳои Ироқу Сурия ва Афғонистонро пеши назар меоранд, ки танҳо бо ҳамин роҳ метавон алайҳи диктаторҳову қонуншиканӣ мубориза бурд, ки ин албатта бисёр иштибоҳ аст. Ҳам ҳукуматдорон иштибоҳ мекунанд ва он гурӯҳҳои тундрав, ки ҷавононро ба он тараф мекашонанд.

Озодӣ: Оё метавон гуфт, ки ин ҳама фишорҳо дар нисбати ҳизб ба интихоботи парлумонӣ рабт дорад?

Кабирӣ: Албатта, интихобот таъсир расондааст ва онҳо мехоҳанд қабл аз ин маърака мухолифинро заиф кунанд. Вале фикр мекунам, барнома васеътар аз интихобот аст ва баъзе доираҳо шояд тасмим гирифта бошанд, ки дигар дар Тоҷикистон бояд оппозитсияи қавӣ набошад ва ҳама он чизе, ки аз боло гуфта мешавад, итоат кунанд. Ба фикрам, ба ҳамин тараф рафта истодаанд. Агар дар ҷои мо ҳизби дигар ҳам қавитар мешуд, масалан ё ҳизби сотсиал-демократ ва ё ҳизби демократ, айнан ҳамин гуна фишорҳо болояшон меомад.