Абдулло Абдулло, номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон, хостори мутаваққиф кардани баршумурдани баргаҳои раъй шуд ва аз СММ хост, ки ба ин раванд назорат кунад. Доктор Абдулло рӯзи чоршанбе, 18 июн, изҳор намуд, ки ба Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон бовар надорад ва аз ҷонибдоронаш хост то аз ин ниҳод берун шаванд ва аз назорати раванди баршумурдани баргаҳои раъй даст бардоранд.
Сиёсатмадори афғон, ки дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 45 дар сади раъйҳоро соҳиб шуда буд, гуфт, бояд як комиссиюни муштарак таҳти раҳбарии СММ баршумурдани раъйҳоро идома диҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳама медонанд, ки “мутаассифона, раисиҷумҳури Афғонистон Карзай, дар ин мавзӯъ бетараф нест”.
Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, рақиби Абдулло Абдулло дар даври дуввуми интихоботи президентии Афғонистон, то ҳол ин талабро ташреҳ накардааст. Аз ин пеш СММ аз Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай хоста буд, ки ба Комиссиюни мустақили интихобот барои баршумурдани баргаҳои раъй мӯҳлат диҳанд ва то ин вақт аз баррасии мушкилоти ҷиддӣ парҳез кунанд.
Даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи 14 июн баргузор шуд.