Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон аз Арманистон ба муҳоҷирони дохилии Русия баробар ва 34 000 муҳоҷири арманро авф хоҳанд шуд.
Ташаббуси ахири Русия муносибати дугона бо муҳоҷиронро нишон медиҳад. Пештар ин кишвар ба муҳоҷирон аз Қирғизистон имтиёзҳо дода буд, аммо бо вуҷуди як қарордод ва ваъдаҳо муносибати мақомоти Русия бо муҳоҷирони тоҷик тағйир накардааст.
Раиси Хадамоти муҳоҷирати кории Русия Константин Ромадоновский гуфтааст, мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон аз Арманистон дар ҳоле ба самти мусбат тағйир дода шуд, ки ин кишвар изҳори омодагӣ кардааст, ба зудӣ вориди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хоҳад гашт. Ҳамчун қадами аввали додани мақоми боимтиёз ба муҳоҷири арман Хадамоти муҳоҷирати Русия 34 ҳазор нафар аз онҳоро, ки бо ҷурмҳои гуногун аз Русия ихроҷ шудаанд ё дар ҳоли ҳозир дар Русия бидуни иҷозаи истиқомат ва кор ба сар мебаранд, авф мекунад.
Ин иттилоъро ноиби раиси порлумони Арманистон ва ҳамраиси кумиссюни байнипорлумонии Русия ва Арманистон Эрмине Нагдалян низ тасдиқ намуд ва афзуд, бино бар нақша ин масъала мебоист баъд аз шомил шудани Арманистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳалли худро меёфт, “аммо онҳо арзи моро пазируфтанд ва онро ҳоло, пеш аз имзои қарордоди узвияти Арманистон дар ин иттиҳод ҳал карданд.”
Ноиби раиси порлумони Арманистон илова кард, ки ин қадам ба таҳкими равобит миёни кишвараш ва давлатҳои узви иттиҳод мусоадат хоҳад кард.
Мушкили муҳоҷирони арман дар Русия аз аввали соли 2014, баъд аз ҷорӣ шудани муқаррароти нави истиқомат ва кор дар Русия ба миён омад, ки барои қонуншикании муҳоҷирон ҷазо муайян кардааст. Бино бар ин муқаррарот 34 ҳазор муҳоҷир аз Арманистон ба “рӯйхатти сиёҳ”-и мақомоти муҳоҷирати Русия воридл шудаанд, аммо мансабдорони арман мегӯянд, ба гумони онҳо ҷамъан 170 000 муҳоҷири арманӣ дар Русия зери хатари муҷозот ва ихроҷ ба сар мебаранд.
Моҳи марти соли равон дабири кулли Шӯрои амнияти миллии Арманистон Артур Багдасарян ба ҳукумати Русия муроҷиат кард ва хоҳиш намуд, ки дар робита ба узвияти ояндаи Арманистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба муҳоҷирони арман дар Русия сабукиҳо дода шавад. Аввали моҳи апрел Раиси Хадамоти муҳоҷирати кории Русия Константин Ромадоновский посух дод, ки муҷозоти 34 000 муҳоҷири арман беэътибор эълон гашта, ба зудӣ ҳамаи онҳо авф хоҳанд шуд.
Аз ин иқдоми мақомоти Русия дар ҳоле хабар дода мешавад, ки раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров низ бо мақомоти Русия масъалаи муҷозоти даҳҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ кард. Аммо тарафи Тоҷикистон дархости авфи онҳо нашудааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари корӣ дар Маскав қарор дорад, бо раиси Хадамоти муҳоҷирати кории Русия Константин Ромадоновский мулоқот намуда, масъалаи таъқибу боздошт ва ихроҷу фиреби муҳоҷирони корӣ аз тарафи кордеҳону намояндагони мақомот дар Русияро баҳс намудааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе ба радиои «Озодӣ» гуфт, ин мулоқот рӯзи 17 июн сурат гирифт ва дар он Шукурҷон Зуҳуров бо таассуф аз ихроҷи донишҷуёну коромӯзҳо ва дипломнависҳои тоҷик ёдовар шудааст, ки барои таътил ба Душанбе омада, дигар натавонистанд сари вақт барои идомаи таҳсил баргарданд. Онҳоро мақомоти марзбонии Русия ихроҷ намудаанд, вале донишҷӯён ба чӣ қонуншиканӣ рух додаанд, то ҳанӯз рӯшан нест.
Ба гуфтаи манбаъ, аз сӯи дигар Шукурҷон Зуҳуров дар мавриди ба таври давомдор ворид намудани муҳоҷирони кории тоҷик ба «рӯйхати сиёҳ»-и мақомоти Русия изҳори ташвиш кардааст. Ҷаноби Зуҳуров дар ин мулоқот аз ҷумла гуфтааст, ки дар рӯйхати сиёҳ мумкин аст, афроде низ афтанд, ки иҷозатномаи фаъолият доранд, вале барои андак амали ҳуқуқвайронкунӣ дар ин руйхат шомил мешаванд. Шукурҷон Зуҳуров аз Ромадоновский хостааст, ки дар ин амр мусоидат намояд, зеро чунин рафтор ба Хадамоти федералии муҳоҷират дахл дорад.
Тибқи руйхати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон феълан беш аз 70 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд. Аммо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мегӯяд, шахсоне, ки (шаҳрвандони Тоҷикистон) аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 400 ҳазор нафар баробар аст.
Ба таъкиди Шукурҷон Зуҳуҳров, кор ба ҷое кашидааст, ки шахсоне, ки ягон камбудӣ ё надоранд ва ё аввалин бор ба Русия сафар мекунанд, номи худро бо рўихати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия муқоиса мекунанд ва онҳо то охир бовар надоранд, ки эҳтимолан ҳолате пеш меояду монеи вуруди онҳо ба қаламрави Русия мешаванд.
Ҷаноби Шукуров ба таваҷҷӯҳи Ромадоновский масъалаи фиреби муҳоҷирони корӣ аз тарафи кордеҳонро таъкид кардааст, ки пас аз қабул ба кор барои онҳо иҷозатнома омода намекунанд ва дар натиҷа коргарро «фиреб» дода, мабалағашро умуман пардохт наменамоянд.
Муҳаммадато Султонов мегӯяд, дар айни замон Константин Ромодановский раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати кории Русия эътироф кардааст, ки дар баъзе мавридҳо аз ҷониби кормандони ин ниҳод зиёдаравӣ сурат мегирад, ки натиҷаи он ҳамчун «ҷазои сабук» муҳоҷири корӣ ихроҷ карда мешавад. Ҷаноби Ромадоновский ваъда додааст, ки барои муҳоҷирони тоҷики имтиёзҳои иловагӣ хохаҳанд дод, ки муҳоҷирони кории дигар кишварҳо бархӯрдор нестанд.
Раиси Хадамоти муҳоҷирати кории Русия Константин Ромадоновский гуфтааст, мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон аз Арманистон дар ҳоле ба самти мусбат тағйир дода шуд, ки ин кишвар изҳори омодагӣ кардааст, ба зудӣ вориди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хоҳад гашт. Ҳамчун қадами аввали додани мақоми боимтиёз ба муҳоҷири арман Хадамоти муҳоҷирати Русия 34 ҳазор нафар аз онҳоро, ки бо ҷурмҳои гуногун аз Русия ихроҷ шудаанд ё дар ҳоли ҳозир дар Русия бидуни иҷозаи истиқомат ва кор ба сар мебаранд, авф мекунад.
Ин иттилоъро ноиби раиси порлумони Арманистон ва ҳамраиси кумиссюни байнипорлумонии Русия ва Арманистон Эрмине Нагдалян низ тасдиқ намуд ва афзуд, бино бар нақша ин масъала мебоист баъд аз шомил шудани Арманистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳалли худро меёфт, “аммо онҳо арзи моро пазируфтанд ва онро ҳоло, пеш аз имзои қарордоди узвияти Арманистон дар ин иттиҳод ҳал карданд.”
Ноиби раиси порлумони Арманистон илова кард, ки ин қадам ба таҳкими равобит миёни кишвараш ва давлатҳои узви иттиҳод мусоадат хоҳад кард.
Мушкили муҳоҷирони арман дар Русия аз аввали соли 2014, баъд аз ҷорӣ шудани муқаррароти нави истиқомат ва кор дар Русия ба миён омад, ки барои қонуншикании муҳоҷирон ҷазо муайян кардааст. Бино бар ин муқаррарот 34 ҳазор муҳоҷир аз Арманистон ба “рӯйхатти сиёҳ”-и мақомоти муҳоҷирати Русия воридл шудаанд, аммо мансабдорони арман мегӯянд, ба гумони онҳо ҷамъан 170 000 муҳоҷири арманӣ дар Русия зери хатари муҷозот ва ихроҷ ба сар мебаранд.
Моҳи марти соли равон дабири кулли Шӯрои амнияти миллии Арманистон Артур Багдасарян ба ҳукумати Русия муроҷиат кард ва хоҳиш намуд, ки дар робита ба узвияти ояндаи Арманистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба муҳоҷирони арман дар Русия сабукиҳо дода шавад. Аввали моҳи апрел Раиси Хадамоти муҳоҷирати кории Русия Константин Ромадоновский посух дод, ки муҷозоти 34 000 муҳоҷири арман беэътибор эълон гашта, ба зудӣ ҳамаи онҳо авф хоҳанд шуд.
Аз ин иқдоми мақомоти Русия дар ҳоле хабар дода мешавад, ки раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров низ бо мақомоти Русия масъалаи муҷозоти даҳҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ кард. Аммо тарафи Тоҷикистон дархости авфи онҳо нашудааст.
Норозигии Зуҳуров аз «рӯйхати сиёҳ»-и муҳоҷирон дар Русия