Мунтахаби Испания, қаҳрамони кунунии ҷаҳон, дар нахустин бозиаш дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил аз тими Ҳолланд бо ҳисоби бузурги 1-5 шикаст хӯрд.
Ин бозии гурӯҳи В шаби 14-уми июн баргузор шуд. Ҳисобро Хаби Алонсо, бозигари мунтахаби Испания, дар дақиқаи 27-ум аз пеналтӣ боз кард. Вале Ван Перси, бозигари тими Ҳолланд, дар дақиқаи 44-ум ҳисобро баробар намуд. Чаҳор голи дигарро футболбозони Ҳолланд дар нимаи дувуми бозӣ ба самар расонданд. Ду голро А. Роббен (дар дақиқаҳои 53-юм ва 80-ум), Де Фрай С. (64) ва боз ҳам Ван Перси Р. (72) заданд. Дар воқеъ, дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии соли 2010 дар Африқои ҷанубӣ Испания бар Ҳолланд бо ҳисоби 1-0 (голро Андрес Инеста дар замони изофӣ дар дақиқаи 116-ум зада буд) пирӯз шуда ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буд. Ба ин тартиб дастаи Ҳолланд бохти чаҳор соли қаблии худро дар ин бозӣ ҷуброн кард.
Дар бозии дигари гурӯҳи В мунтахаби Чили бар тими Австралия бо ҳисоби 3-1 ғалаба кард. Се голи Чилиро А. Санчес (12), Х. Валдивия (14) ва Ж. Босежур (90+2) ба ҳадаф расонданд. Ягона голи Австралияро Т. Кэйхилл (35) вориди дарвоза кард.
Дар бозии дувуми гурӯҳи А шаби 13-уми июн мунтахаби Мексика бар тими Камерун бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Тӯбро О.Паралта дар дақиқаи 61-ум зад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали гурӯҳи А шаби 13-уми июн мунтахаби Бразил дастаи Хорватияро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буд. Ду голи Бразилро Неймар дар дақиқаҳои 29-ум ва 71-ум (аз пеналтӣ) ва голи дигари мизбононро Оскар дар дақиқаи 90-ум ба дарвозаи дастаи Хорватия ворид карданд. Ягона голи Хорватияро бозигари бразилиҳо Марсело дар дақиқаи 11-ум ба дарвозаи дастааш зад.
Имшаб, 14-уми июн, соати 21 ба вақти Душанбе бозии авали гурӯҳи С миёни дастаҳои мунтахаби Колумбия ва Юнон шурӯъ мешавад. Баъдан соати 24 бозии аввали гурӯҳи D байни дастаҳои Уругвай ва Коста-Рика барпо мегардад.
Дар сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2-14 дар Бразил мунтахаби 32 кишвар ҳузур доранд ва дар маҷмӯъ 64 бозӣ барои муайян шудани ғолиби Ҷоми ҷаҳонии 2014 баргузор хоҳад шуд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия то 13-уми июл идома меёбад. Дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим шудааст, ширкат мекунад. Бозиҳои даври гурӯҳӣ аз 13-ум то 27-уми июн барпо мегарданд. Ба плей-офф (қисми 1/8-ниҳоии мусобиқот ) дастаҳое роҳ меёбанд, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои якуму дувумро гирифтаанд. Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ аз 28-уми июн то 2-юми июл, бозиҳои ¼-ниҳоӣ — 4, 5 ва 6-уми июл, бозиҳои ниманиҳоӣ — 9-10-уми июл доир мешаванд. Бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 13-уми июл баргузор хоҳанд шуд.
Бозиҳо дар 12 шаҳри Бразилия: Белу-Оризонти, Бразилиа, Куяба, Куритиба, Манаус, Натал, Форталеза, Порту-Алегри, Ресифи, Салвадор, Сан-Паулу ва Рио-де-Жанейро баргузор мешаванд. Бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи "Марио Филю", ки бештар бо номи «Маракана» маълум аст, барпо мегардад. Маҳз соли 1950 дар ин варзишгоҳ бозии ҳалкунандаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия доир шуда буд
Бояд гуфт, ки дар чаҳор мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Амрикои Ҷанубӣ баргузор шуда буд (Уругвай-1930, Бразилия-1950, Чили-1962 ва Аргентина-1958), дастаҳои мунтахаби ин қора ғолиб шудаанд. Бразилия панҷумин кишварест, ки пас аз Мексика, Италия, Фаронса ва Олмон барои дувумин бор мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол гардидааст. Ҷоми ҷаҳон аз ин пеш дар Бразилия соли 1950 баргузор шуда буд.
Маблағи ҷавоизи мусобиқот нисбат ба соли 2010 37% афзудаааст ва 576 млн долларро ташкил медиҳад. Соли 2010 ҳамагӣ 420 млн доллар буд. Ғолиби мусобиқот 35 млн доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 25 млн доллар ва барои ҷойи севум 22 млн доллар муқаррар шудааст. Дастаи мунтахабе, ки ҷойи чорумро соҳиб мешавад, бо 20 млн доллар сарфароз мегардад. Ба ширкаткунандагони даври чаҳорякниҳоӣ 14 млн долларӣ, даври ҳаштякниҳоӣ - 9 млн долларӣ ва ба тимҳое, ки муборизаро дар даври гурӯҳӣ анҷом медиҳанд, ба ҳар кадом 8 млн долларӣ супурда хоҳад шуд.
Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии 20-уми ҷаҳон ҳамаи 8 дастае, ки пештар (аз замони оғози ин мусобиқот) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд – Уругвай (1934, 1950), Италия (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон (1954, 1974, 1990), Бразилия (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Инглистон (1966), Аргентина (1978, 1986), Фаронса (1998) ва Испания (2010) ширкат меварзанд. Ва аммо мунтахаби Босния ва Ҳерсеговина барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунад.
Ҳайатҳои гурӯҳҳо
Гурӯҳи А Гурӯҳи В Гурӯҳи С Гурӯҳи D
Бразилия Испания Колумбия Уругвай
Хорватия Ҳолланд Юнон Коста-Рико
Мексика Чили Кот-д'Ивуар Инглистон
Камерун Австралия Ҷопон Италия
Гурӯҳи Е Гурӯҳи F Гурӯҳи G Гурӯҳи H
Швейтсария Аргентина Олмон Белгия
Эквадор Босния ва Ҳерсеговина Португалия Алҷазоир
Фаронса Эрон Гана Русия
Ҳондурас Нигерия ИМА Кореяи Ҷанубӣ
Даври гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014
Тақвими бозиҳо
(Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст)
13 июн, ҷумъа
01:00, Бразилия — Хорватия – 3-1
21:00, Мексика — Камерун – 1-0
00:00, Испания — Ҳолланд – 1-5
14 июн, шанбе
03:00, Чили — Австралия – 3-1
21:00, Колумбия — Юнон
00:00, Уругвай — Коста-Рика
15 июн, якшанбе
03:00, Инглистон — Италия
06:00, Кот-д'Ивуар — Ҷопон
21:00, Швейтсария — Эквадор
00:00, Фаронса — Гондурас
16 июн, душанбе
03:00, Аргентина — Босния ва Ҳерзеговина
21:00, Олмон — Португалия
00:00, Эрон — Нигерия
17 июн, сешанбе
03:00, Гана — ИМА
21:00, Белгия — Алҷазоир
00:00, Бразил — Мексика
18 июн, чоршанбе
03:00, Русия —Кореяи Ҷанубӣ
21:00, Австралия — Ҳолланд
00:00, Испания — Чили
19 июн, панҷшанбе
03:00, Камерун — Хорватия
21:00, Колумбия — Кот-д'Ивуар
00:00, Уругвай — Инглистон
20 июн, ҷумъа
03:00, Ҷопон — Юнон
21:00, Италия — Коста-Рика
00:00, Швейтсария — Фаронса
21 июн, шанбе
03:00, Гондурас — Эквадор
21:00, Аргентина — Эрон
00:00, Олмон — Гана
22 июн, якшанбе
03:00, Нигерия — Босния ва Герзеговина
21:00, Белгия — Русия
00:00, Кореяи Ҷанубӣ — Алҷазоир
23 июн, душанбе
03:00, ИМА — Португалия
21:00, Испания — Австралия
21:00, Ҳолланд — Чили
24 июн, сешанбе
01:00, Камерун — Бразилия
01:00, Хорватия — Мексика
21:00, Италия — Уругвай
21:00, Коста-Рика — Инглистон
25 июн, чоршанбе
01:00, Юнон — Кот-д'Ивуар
01:00, Ҷопон — Колумбия
21:00, Нигерия — Аргентина
21:00, Босния ва Ҳерзеговина — Эрон
26 июн, панҷшанбе
01:00, Эквадор — Фаронса
01:00, Гондурас — Швейтсария
21:00, ИМА — Олмон
21:00, Португалия — Гана
27 июн, ҷумъа
01:00, Кореяи Ҷанубӣ — Белгия
01:00, Алҷазоир — Русия
1/8 финал
Ғолибони гурӯҳҳо бо дастаҳои дувуми гурӯҳҳои дигар бозӣ мекунанд:
28 июн, шанбе
21:00, 1A — 2B (49)
29 июн, якшанбе
01:00, 1C — 2D (50)
21:00, 1B — 2A (51)
30 июн, душанбе
01:00, 1D — 2C (52)
21:00, 1E — 2F (53)
31 июн, душанбе
1 июл, сешанбе
01:00, 1G — 2H (54)
21:00, 1F — 2E (55)
2 июл, чоршанбе
01:00, 1H — 2G (56)
Давраи 1/4-ниҳоӣ
4 июл, ҷумъа
21:00, Барандаи бозӣ(Б)-и 53 — Б54 (58)
5 июл, шанбе
01:00, Б49 — Б50 (57)
21:00, Б55 — Б56 (60)
6 июл, душанбе
01:00, Б51 — W52 (59)
Давраи ниманиҳоӣ
9 июл, чоршанбе
01:00, Б57 — Б58 (61)
10 июл, ҷумъа
01:00, Б59 — Б60 (62)
Бозӣ барои ҷои севум
13 июл, душанбе
01:00, Бозандаи бозиҳои 61 ва 62
Даври ниҳоӣ
13 июл, якшанбе
00:00, Б61 — Б62