Дар вилояти Бағлон, воқеъ дар шимоли Афғонистон, бар асари обхезӣ дасти кам сад нафар ба ҳалокат расиданд. Садҳо одамон барои тарки манзилҳои худ маҷбур шуданд. Раиси вилояти Бағлон Нур Муҳаммад Гузар ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки қурбониёни офати табиӣ сокинони волусволии Гузаргоҳи Нур буданд, ки он ҷо садҳо хонаву бино тахриб шудааст. Айни ҳол дар минтақаи офат корҳои наҷотбахшӣ идома доранд.
Баъд аз хушксолии чанд соли ахир дар манотиқи шимолӣ ва шарқии Афғонистон моҳи гузашта борони зиёд борид, ки боиси обхезӣ гардид. Тайи моҳҳои апрел ва май дар ин манотиқи Афғонистон беш аз сад кас ба ҳалокат расида, ҳазорон нафар аз манзилҳои худ маҳрум шуданд.