Талаби баҳои 5 аз президент (ВИДЕО)

Шокирҷони Карим

Як хатмкунандаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостааст, дар ислоҳи, ба гуфтаи ӯ, ноҳаққии устодон нисбаташ саҳм гирад.
Як хатмкунандаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоле ки ҳамеша бо баҳои «аъло» таҳсил кардааст, ба рисолаи дипломияш аз рӯйи «хусумати шахсӣ» баҳои «чаҳор» гузоштаанд ва аз президент барои гирифтани баҳои аъло кӯмак хостааст.

Шикояти худро донишҷӯи соли панҷуми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо, Шокирҷони Карим, ҳамчунин ба Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм ва Радиои Озодӣ фиристодааст. Дар ин нома, ки рӯзи панҷшанбеи 5 июн дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, ҷаноби Карим иддао дорад, ки зимни хусумати шахсии мудири кафедраи забони арабии факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Аскар Саломов, комиссияи имтиҳонӣ барояш баҳои «аъло» нагузошт.

Вай аз ҷумла менависад: «Мудири кафедраи забони арабии факултаи Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Аскар Саломов, ки аз давраи донишҷӯӣ бо ман қасду хусумати ҷиддӣ дошт, бо сӯиистифода аз мансабаш ва бо маслиҳати пешакӣ бо декани ҳамин факулта Сайфиддин Назарзода забон як карда, худсарона, ба рафти имтиҳони давлатӣ дахолат намуда, раиси комиссияи имтиҳонии Донишгоҳи милии Тоҷикистон Додихудо Саймуддиновро ба гумроҳӣ андохта, ӯро водор карданд, ки баъзан хатогиҳои техникӣ (компютерӣ)-ро дар рисолаи дипломии ман ба инобат гирифта, ба ман баҳои 4 гузоранд, то ки ман дар оянда дипломи аъло гирифта натавонам. Ҳамин тариқ раиси комиссияи имтиҳонӣ ба ман баҳои 4 (хуб) гузоштанд, ки ман аз баҳои гузоштаи онҳо тамоман розӣ нестам».

Шокирҷони Карим, ки мегӯяд, соли 2009 мактаби миёнаи рақами 17-ро дар шаҳри Кулоб бо баҳои аъло хатм карда, инчунин дар олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик соҳиби ҷои якум ва медали тилло шудааст, ҳамакнун мехоҳад, донишгоҳро низ бо баҳои аъло хатм кунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба бархӯрди устодони факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо,
Шокирҷони Карим бо ирсоли номаи худ ба раиси ҷумҳур таъсиси як комиссияи назоратии босалоҳият аз дастгоҳи раиси ҷумҳурро хоста ва гуфта, ин амр шароитро барои ҳимояи дубораи рисолаи дипломии ӯ фароҳам мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шокирҷони Карим ба президент барои гирифтани баҳои 5 мактуб навиштааст



Ирсоли нома ба президент аз сӯи ин донишҷӯ ва иддаои вай ба баҳогузории ноодилона аз сӯи масъулони комиссияи имтиҳонӣ дар донишгоҳи миллӣ дар ҳолест, ки Аскар Саломов, мудири кафедраи факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо ин ҳамаро рад мекунад. Вай мегӯяд, бо вуҷуди он, ки рисолаи дипломии Шокирҷони Карим маротибаи сеюм ҳам пур аз хато буд, комиссияи имтиҳонӣ ба ӯ шартан баҳои чор (хуб) гузошт. Ҷаноби Саломов ҳарчанд боре Шокирҷонро дарс надодааст, аз ӯ ҳамчун донишҷӯи фаъол ном мебарад ва мегӯяд, ҳаргиз бо ӯ ва дигар донишҷуён хусумате надошт ва надорад. Ҳамчунин боре ҳам миёни донишҷӯёни ин факулта фарқе нагузоштааст.

Ҷаноби Саломов афзуд: «Ман мудири кафедра ҳастам ва комиссия аз чор нафар иборат аст. Вақте ин бача ҳимоя кард, саршори хато буд. Вақте ки раиси комиссия онро хонд, гуфт, ки инро қабул намекунам. Аммо ман ҳамроҳи роҳбари кории дипломии ин донишҷӯ маслиҳат кардем, ки онро дуруст карда биёрад ва комиссия дубора қабул карда, агар лутф кунад, баҳои аъло гузорад. Вақте рисолаи дипломиро ислоҳ карда оварданд, бо вуҷуди он ҳам пури хато буд. Рӯзи дигар омада, илтимос карданд, ки нусхаи рисоларо диҳем, то бурда ба падараш нишон диҳад, аммо онҳо вақте кори дипломиро оварданд, ислоҳшуда буд, ки он ҳам хато дошт.

Додхудо Саймиддинов



Ин ҳамаро Додихудо Саймуддинов, раҳбари комиссияи имтиҳонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Ҷаноби Саймуддинов низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рисолаи дипломии ин донишҷӯ ҷавобгӯ ба баҳои «аъло» набуд ва онҳо низ ба ӯ шартан баҳои хуб гузоштаанд. Ба гуфтаи раҳбари комиссияи имтиҳонӣ, Шокирҷон ҳатто аз имтиҳони тахассусӣ низ танҳо бо кӯмаки Саймуддинов тавонистааст, баҳои «аъло» гирад. «Ҳар касе ки бошад, марҳамат нусхаи рисолаи дипломии ин донишҷӯро бинад. Вақте ки мебинад, мегӯяд, ки ба баҳои «аъло» намеарзад. Ман ҳатто ба бародараш гуфта будам, ки ба ректор муроҷиат кунед, агар иҷозат диҳад, боз дубора ҳимоя кунад. Лекин онҳо рафта, ба президенту вазорати маориф мактуб навиштаанд, ки ин теша ба решаи худ аст».

Ҷаноби Саймуддинов, ки раҳбари комиссияи имтиҳони давлатии факултаи забонҳои Осиё ва Аврупост, дар идома афзуд, ки тамоми устодони ин факултет медонанд, ки Шокирҷон он ҳама баҳои аълоро дар давоми панҷ соли таҳсил чӣ гуна ва бо кадом роҳҳо гирифтааст. Ӯ аммо шарҳ надод, ки манзураш чист.

Вокуниши Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ин шикоят низ ҳанӯз садо надодааст. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳанӯз чунин як нома ба вазорат ворид нашудааст. Вай илова кард, ки аксари шикояти донишҷуён шифоҳӣ буда, 60 дарсади донишҷӯён ба хотири барқарор шудан ба донишгоҳ, 30 дар сад барои табдил шудан аз гурӯҳи шартномавӣ ба буҷавӣ ва танҳо 10 дарсад ба хотири тағйири баҳои гирифтаашон муроҷиат мекунанд, ки ин ҳам бошад, танҳо дар охири соли таҳсил иттифоқ меафтад. То шоми 5-уми июн, ба гуфтаи ин манбаъ, шикояте аз баҳогузорӣ дар имтиҳонҳои давлатӣ ба ин ниҳод нарасидааст.