Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, ки 5 нафар Толибони боломақом дар ивази раҳоии Боу Бергдал-сарбози амрикоӣ аз зандон раҳо шудаанд. Ин сарбоз бояд бидуни “шарту шароит” раҳо шавад.
Шоми 1 июн дар изҳороте вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон гуфт, агар ҳукумати Амрико шаҳрвандони Афғонистонро бидуни маҳдудияти озодии онҳо ба Қатар бидиҳад, чунин кор ошкоро мухолифи муқаррароти байналмиллалӣ хоҳад буд.
Бар асоси тавофуқот 5 узви Толибон раҳо ва ба Қатар супурда шудаанд, то онҳо бо аъзои хонаводаҳои худ зиндагӣ кунанд, вале шарти раҳоии онҳо ин будааст, ки ба амнияти Амрико хатаре эҷод накунанд.
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон билофосила даъват кард, ки шаҳрвандони Афғонистон аз боздоштгоҳи Гуантанамо раҳо шаванд ва ин корро шарти имзои аҳдномаи амниятӣ бо Амрико арзёбӣ кард.