Сарбози амрикоӣ аз асорати Толибон озод шуд

Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфт, Бов Бергал сарбози амрикоӣ, ки 5 сол пеш ба асорати Толибон афтода буд, озод шудааст. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки дар бадали раҳоии Бов Бергал, панҷ зиндонии Толибро аз боздоштгоҳи Гуантанамо дар Куба раҳо карданд ва онҳоро ба мақомоти Қатар месупоранд. Як намояндаи ҳукумати Амрико гуфт, ки раҳоии бандиёни Толиб, бахше аз “чаҳорҷӯбаи васеъи мусолиҳа” дар Афғонистон сурат гирифт. Бино ба гузориши Радиои Афғонистони Озод, музокиракунандагони Толиб соли 2013 хостаанд, ки намояндагони муҳими ин гурӯҳро дар ивази Бов Бергал аз Гуантанамо озод карда ба Қатар бифристанд, то онҳо тавонанд, дар музокироти сулҳ бо ҳукумат ширкат кунанд. Аммо ин мувофиқат соли гузашта ба ҷое нарасид, зеро Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ба таъсиси дафтари Толибон дар Қатар мухолифат кард ва дафтари ин гурӯҳро дар Қатар бастанд.