Санҷиши собиқа ва дороии мансабдорон чӣ хоҳад дод?

Аз ин баъд касе, ки мехоҳад, дар ниҳодҳои давлатӣ кор кунад, бояд омодаи ин бошад, ки собиқаи ӯ мӯшикофона тафтиш хоҳад шуд. Ва агар дар бораи гузаштааш ин номзад маълумоти дурӯғ пеш оварда бошад, роҳи ӯ ба сӯи мансаб баста хоҳад монд.
Ҳамчунин бино ба тағйиру иловаҳое, ки вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 30-уми май бо пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни хидмати давлатӣ дар Тоҷикистон ворид карданд, эъломияи дороӣ ва даромади мансабдорон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор хоҳад ёфт. Дар ҷаласаи порлумон гуфта шуд, ки ҳадаф аз ин 10 тағйиру илова таҳкими мубориза бо фасод дар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷалби мутахассисони арзанда ба ин ниҳодҳост.

Вале рӯшан нест, тафтиши собиқаи онҳое, ки бояд соҳиби мансаби давлатӣ шаванд, чӣ чизҳоро дар бар хоҳад гирифт. Вакили Маҷлиси намояндагон Шакарбек Самадов дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, тартиб ва меъёри тафтиши собиқаи номзадҳоро ҳукумати кишвар муайян хоҳад кард. Вай афзуд: «Мақсади асосии пешниҳоди ин қонун ин мубориза бо коррупсия дар хизмати давлатӣ аст. Масалан, дар ин қонун банди нав ва мафҳуми одоби хизматчии давлатӣ аввалин бор ворид карда шудааст, ки он ҳам барои пешгирии коррупсия дар идораҳои давлатӣ нигаронида шудааст».

Ҷаноби Самадов таъкид кард, ки як нуктаи меҳварии қоидаҳои нав ба эъломияҳои дороии хизматчиёни давлатӣ рабт гирифта, агар камтарин носаҳеҳие дар он ёфт шавад, мансабдор аз вазифа барканор хоҳад шуд.

Муовини аввали роҳбари Оҷонсии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон Грез Қосимов дар муаррифии тарҳи тағйиру иловаҳо гуфт: «Дар ин лоиҳа моддаи нави 17 ворид карда шудааст, ки он тартиби санҷиши махсусии хизматичии давлатиро муқаррар кардааст. Санҷиши махсус танҳо дар он вақт гузаронида мешавад, ки агар мансабдор дар эъломияш дар бораи молу мулк ва даромадаш маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда бошад. Дар ин сурат санҷиши махсус аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронида мешавад.»

Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Грезов афзуд, ки маълумоти эъломияи мансабдорон дар бораи молу мулк ва даромадҳояшон ба истиснои ҳолатҳои алоҳида ошкор карда намешавад.

Нуктае, ки коршиносон мегӯянд дар сурати омавӣ нашудани дороиҳои мансабдорон, супурдани эъломия аз сӯи онҳо ба мақомоти андоз аҳамияти худро гум мекунад. Ҳоло он, ки ба гуфтаи эшон мантиқ аз пур кардани эъломияҳо дар бораи даромад ва молу мулки мансабдорон ин як навъи ҳисоботдиҳии онҳо дар назди мардум ва хусусан андозсупорандаҳо аст. Ба таъкиди коршиносон, дар ҳолати махфӣ боқӣ мондани мӯҳтавои ин эъломияҳо аз чашми халқ он як навъ «гузориши мақомот ба худи мақомот»-ро мемонад.
Дар ҳамин ҳол, бо назардошти сатҳи пасти маоши хизматчиёни давлатӣ ва фишори зиёди маъмурӣ, коршинсони мустақил мегӯянд қабули ин қонун чандон натиҷаҳои назаррас нахоҳад дод.

Дилшод Муллоев, номзади илмҳои ҳуқуқ мегӯяд: «Имрӯз дар тамоми ҷаҳон хизмати давлатӣ хислати хизматрасонӣ ба аҳолиро касб намуда истодааст. Бинобар ин, онҳо набояд мисли хизматчиёни ҳарбӣ аз зери тафтиши сахт гузаронида шаванд. Хизмати давлатии мулкӣ бояд ҷанбаи либераливу демократӣ дошта бошад, то кадрҳои шоиста дар он ҷо фаъолият карда тавонанд».

Ҷаноби Муллоев афзуд, ки меъёри асосии интихоб ба хизмати давлатӣ ин бояд шоистасолорӣ бошад, на содиқ будан ба шахси аввал ва корфармо. Падидае, ки дарТоҷикистон зиёд густариш пайдо кардааст. Аммо ба таъкиди Муллоев ҳаққузаҳмати андаки хизматчии давлатӣ дар Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки афроди шоиста ва мутахассис ба идораи давлатӣ ҷалб карда шаванд ва ин амр боиси фирори мағзҳо аз кишвар шудааст.