Як сарбози Украина дар Славянск кушта шудааст

Вазорати дифои Украина мегӯяд, рӯзи 19-уми май яке аз сарбозони он дар натиҷаи гулӯлаборони посгоҳи ҳарбӣ дар наздикии қаламрави зери назорати ошӯбгарон дар Славянск ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар баёнияи вазорат омадааст, ҳамла аз дохили як кӯдакистон ба амал омада, ҳадаф доштааст, ки нерӯҳои давлатро ба титрандозӣ таҳрик диҳад. Дар натиҷаи чунин тирандозӣ мумкин буд, кӯдакистон аз байн бурда шавад. Ҳарбиёни Украина дар нимаҳои моҳи апрел барои поксозии минтақаҳои шарқии ин кишвар аз ҷудоихоҳони мусаллаҳ даст ба амалиёти ҳарбӣ заданд.