Дави миллӣ аз "Боми ҷаҳон" то Душанбе (12 АКС)

Рӯзи 18 май дар мусобиқоти Рӯзи давми миллӣ дар Тоҷикистон, ба гуфтаи масъулонаш, беш аз 350 000 нафар ширкат кардаанд.
Рӯзи якшанбе, 18-уми май, дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ баргузор шуд. Дар ин маърака, ба гуфтаи масъулонаш, беш аз 350 000 нафар ширкат кардаанд.

Ин пойгаи оммавӣ дар шаҳри Душанбе аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ шуда, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” (собиқ Ипподроми Душанбе) ба анҷом расид.

Пеш аз ин пойга маросими ифтитоҳи Рӯзи дави миллӣ дар пойтахти кишвар барпо гардид. Руқия Қурбонова, муовини раиси шаҳри Душанбе ва Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, иштирокдорони дави миллиро табрик гуфта, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим даъват намуданд.

Ҷаноби Неъматов гуфт: «Сол ба сол шумораи иштирокчиёни ин чорабинӣ бештар мешавад. Ҳадафи аслии Рӯзи дав ҳам солимӣ аст. Танҳо миллати солим ва бардам метавонад як ҷомеаи солимро бунёд кунад.»

Дави миллӣ дар Душанбе


Раҳматшо Камолов, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “дар ин пойгаи анъанавии оммавӣ, ки бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи кишвар доир мешавад, беш аз 350 ҳазор нафар афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат карда, бо хоҳиши худ ба масофаҳои 3,5 ва 10 километр давиданд. Рӯзи дави миллӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар як вақт – соати 9-и субҳ оғоз ёфт. Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли пойга тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукоти Рӯзи дави миллӣ супурда шуд.”

Бояд гуфт, ки як гурӯҳ ҷавонон аз шаҳри Хоруғ бо тай кардани масофаи наздик ба 700 километр, дар Рӯзи дави миллӣ -- 18 май вориди Душанбе шуданд. Ин ҷавонон, ки худро аъзои Cозмони ҷамъиятии ҷавонони Помир муаррифӣ карданд, пойгаи дарозфосилаи худро аз рӯзи 10 май, бахшида ба Рӯзи дави миллӣ оғоз карда, пас аз 8 рӯз аз Хоруғ ба Душанбе расиданд.

Раҳим Азизбеков, роҳбари гурӯҳи давандагон аз Бадахшон, мегӯяд, ҳамроҳони ӯ ҷавонони касбу кори мухталифанд ва бо ихтиёри худ ҳозир шуданд аз Помир то Душанбе бидаванд. Ин гурӯҳ дар маҷмӯъ аз 4 варзишгар, табиб ва намояндаи раёсати кор бо ҷавонони вилоят иборат будааст.

Раҳим Азизбеков афзуд: «Мақсади асосии ташкили ин марафони дарозфосилаи мо ин аст, ки мехоҳем ҳарчӣ бештар нерӯ ва қувваи ҷавононро бо ҳам муттаҳид созем, то минбаъд дар бунёди кишвари бузурги мо саҳмгузор бошанд. Дар ин сафар дар ҳама ноҳияҳо моро хуб пазироӣ карданд. Маблағгузори ин марафони мо ширкати мобилии «Тселл» мебошад, дар маҷмӯъ дар ин сафар ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ сарф шуд.»

Ба гуфтаи ширкатдорони ин пойга, дар ҳар ноҳияе аз Бадахшон то Душанбе ҷавонони дигар ҳам ба ин варзишгарон то нимароҳ ҳамроҳ шудаву қисман дар ин пойга иштирок кардаанд. Ин варзишгарон мегӯянд, онҳо, рӯзона то 80 километрро тай ва шабона истироҳат мекарданд. Раҳим Азизбеков дар робита ба мушкилот дар роҳ чунин гуфт: «Аслан дар роҳ мо чандон мушкил надоштем, вале рӯзҳои аввали ифтитоҳи марафон рӯзҳои боронӣ буд ва вақти гузаштан аз баъзе ноҳияҳо, ки селҳои зиёде фаромада буданд, фаъолияти моро каме мушкил карданд.»

Теъдоди иштирокдорони Рӯзи дави миллӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе:
Вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоШумораи занҳоШумораи мардҳоҶамъи иштирокдорон
Душанбе65552931635871
Хатлон3267996430129109
Суғд314456270494149
ВМКБ56961854224238
Нуробод8036603740
Тоҷикобод32689721
Тавилдара72824813209
Ҷиргатол80220300
Рашт650935010000
Рӯдакӣ155221775333275
Варзоб31021102420
Турсунзода185040005850
Ваҳдат1900 25004400
Роғун76026403400
Шаҳринав109031604250
Ҳисор600 17002300
Файзобод180320500
Ҷамъ100157257575357732