Маҳфили "Боргоҳи сухан" нависандаи шинохта зиндаёд Муҳаммадраҳими Сайдар, хабарнигори пешини "Озодӣ" дар Русияро пас аз марг ҷоиза дод.
Маҳфили фарҳангии «Боргоҳи сухан» дар як нишасти адабӣ дар ҳузури ҳаводорони адабиёт ва сухан, наздикони Муҳамадараҳими Сайдар -- адиб ва рӯзноманигори тоҷикро даъват намуда, «нишонаи тилоӣ» ва ҷоизаи пулии ҳазордоллариро тақдим намудааст.
Бӯрӣ Каримов, раис ва муассиси маҳфили «Боргоҳи сухан» имрӯз, 16-уми май ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки маъракаи тақдими ҷоизаҳо ба чеҳраҳои фарҳангие, ки хизмати бузург дар адабиёт илм ва рӯзноманигорӣ кардаанд, аммо имрӯз дар миёни мо нестанд, рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд. Вай афзуд, ки нишонаи тилоӣ ва ҷоизаи ҳазордолларӣ ҳамчунин ба шоир Қамари Абдулло ва академик Амир Қароқулов, собиқ раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон тақдим карда шудааст.
Бӯри Каримов афзуд, дар ин маҳфили адабӣ ҳамчунин ба унвони сермаҳсултарин муҳаққиқони адабиёти форсӣ - Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Шарофиддини Рустам низ муарафӣ карда шуданд.
Маҳфили "Боргоҳи сухан" ба хусус дар мавриди рӯзноманигор, адиб, собиқ хабарнигори радиои "Озодӣ" Муҳаммадраҳими Сайдар ёдоварӣ намуда, даврони хабарнигории ӯро дар Маскав дар бахши инъикоси зиндагии мардуми тоҷик дар Русия, ки дар "Озодӣ" нашр мекард, махсус таъкид намуд.
Муҳаммадраҳими Сайдар солҳои ахир вазифаи журналистии худро бо вуҷуде, ки бемории диабет азияташ медод, бо камоли масъулият иҷро мекард. Зиндаёд шоми якшанбе 3-юми январи соли 2010 дар шаҳри Тулаи Русия, бар асари ин беморӣ дар синни 57-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт ва ҷасади ӯ дар зодгоҳаш ноҳияи Ғарм ба хок супурда шуд.