Бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон қонунӣ шуд

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон лоиҳаи "Қонун дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ дар Тоҷикистон"-ро тасвиб кард. Хабарнигори радиои «Озодӣ» аз парлумон иттилоъ дод, ки лоиҳаи Қонун дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ дар Тоҷикистон бо орои аксари вакилон қабул гардид. Ин барои аввалин бор аст, ки "Қонун дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ дар Тоҷикистон" қабул мегардад. Исмоил Талбаков, вакили порлумон зимни муарифии ин лоиҳаи қонун гуфт, ки ин марҳилаи наверо дар фаъолияти бонкдории Тоҷикистон боз мекунад ва ҳамзамон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ муосидат хоҳад кард ва ҳамин тариқ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар заминаро фароҳам меорад. Аммо Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистҳо ва вакили порлумон ин суолҳоро матраҳ кард, ки фарқияти фаъолияти бонкии исломӣ аз дигар бонкҳо дар чист ва оё дар ин сурат барои фаъолияти дигар бонкҳо, аз ҷумла бонкҳои аврупоӣ монеа эҷод нахоҳад кард? Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ дар посух ба ин суолҳо гуфт, ки агар бонкҳои маъмулӣ дар фикри ба даст овардани фоида бошанд, низоми бонкии исломӣ бештар барои ба даст овардани фоидаи муштариёнаш талош мекунад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон гуфт, ки бонкҳои исломӣ дар Чин ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ фаъол ҳастанд ва зарурати фаъолияти ин гуна бонкҳо бо таваҷҷуҳ ба ҷомеаи мусалмонии Тоҷикистон он аст, ки шаҳрвандон метавонанд пасандозҳои худро бидуни шаку шубҳа дар ин бонкҳо бигузоранд ва ин амал барои рушди иқтисоди кишвар низ фоида меорад.