Ҳушдори Олмону Фаронса ба Русия аз интихоботи Украина

Ангела меркел ва Франсуа Олланд

Олмон ва Фаронса ҳушдор доданд, ки агар интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина рӯзи 25 май он гуна, ки ба нақша гирифта шудааст анҷом нагирад, дар он сурат “оқибатҳои муносиб” ба онро пайрезӣ хоҳанд кард.

10 май Ангела Меркел-нахустивазири Олмон ба рӯзноманигорон гуфт, агар интихобот ноком шавад, онҳо бар зидди Русия иқдоми баъдӣ хоҳанд андешид.

Меркел ва Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса 10 май дар эъломияи муштарак чунин гуфтаанд: “Агар интихоботи эътирофшудаи байналмиллалӣ баргузор нашавад, дар он сурат ногузир кишвар ба самти нооромии бештар хоҳад рафт”.

Ҳар ду раҳбар аз ҷонибҳои муноқиша хостанд, ки дар Украина халъи силоҳи нируҳои ғайриқонунӣ оғоз ва ба хушунатҳо хотима дода шавад. Онҳо ҳамчунин аз Русия хостанд, ки дар наздикии марз бо Украина нируҳои худро коҳиш диҳад.