Вазири нафти Эрон гуфтааст, ки ин вазорат талош мекунад, амволи Бобаки Занҷониро дар ивази қарзҳои нафтии ӯ ба баландтарин қимати мумкин бифурӯшад.
Ба гузориши хабаргузории "Меҳр"-и эронӣ, Бежан Зангина, вазири нафти Эрон рӯзи ҷумъаи 9-уми май бо радди суханоне, ки гуфта мешуд, амволи Бобаки Занҷонӣ бо қимати ғайри воқеӣ ба фурӯш меравад, гуфтааст, ки ин вазорат ба дунболи хариди амволи оқои Занҷонӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, вазорати нафт бо ҳамкории давлат чораҳоеро андешидаанд, ки амволи Бобаки Занҷонӣ ба болотарин қимат фурӯхта шавад ва пули он низ ба хазинаи давлат интиқол ёбад.
Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эронӣ ҳудуди 2 миллиарду 300 миллион евро аз вазорати нафти Эрон қарздор аст ва ин сабаби боздошт ва ҳабси ӯ дар моҳи декабри соли гузашта шуд. Ӯ иддао карда буд, ки ин миқдор пул ба сабаби таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон, дар хориҷ аз кишвар блок шуда буд. Аммо чанде пеш Муҳаммадалӣ Пурмухтор, раиси комиссияи парлумони Эрон ин иддаоро дурӯғ хонд. Ин вакили парлумони Эрон ҳамон замон таъкид карда буд, ки маълумоти дарёфтии нав дар бораи дороиҳои Бобаки Занҷонӣ ба даст омадааст ва давлати Эрон дар талош он аст ин амволро табдил ба пул кунад ва ба кишвар бозгардонад. Мақомоти Эрон дар ин замина ҳайатҳоеро ба Туркия, Тоҷикистон ва Малайзия фиристода буд.
Ҳаҷми дороиҳои Бобаки Занҷонӣ дар хориҷ аз кишвар ҳанӯз расман эълон нашудааст. Бобаки Занҷонӣ, ки аз худ бо унвони "басеҷи иқтисодӣ" ном мебарад, аз чеҳраҳои мавриди эътимоди давлати давлати Маҳмуди Аҳмадинажод буд, ки дар авҷи таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Теҳрон, фурӯши бахше аз нафти Эронро ба ҳадафи дур кардани таҳримҳо ба ӯҳда гирифт. Аммо пули ҳосилшуда аз ин кор ҳеҷ гоҳ ба хазинаи давлат бозгардонида нашуд.
Эрон пас аз созишномаи муваққати ҳастаии Женева, озодии бештаре дар фурӯши нафти худ ва нақлу интиқолоти бонкӣ пайдо кард. Ҳамон тавр, ки вазири нафти Эрон мегӯяд, Теҳрон ҳеҷ ададе ва рақамеро дар заминаи ҳаҷми содироти нафти хом, ки аз ҷои дигаре дикта шавад, намепазирад. Ба гуфтаи ӯ, Эрон худ мизони содироти нафтиашро муайян мекунад ва бо ҳадди аксари тавон низ ба содироти нафт идома хоҳад дод. Ин мақоми давлати Эрон дар ниҳоят аз нақшаи афзоиши тавлиди нафти хоми Эрон ба 5 миллиону 700 ҳазор бушка дар рӯз хабар додааст.
Тавофуқномаи Женева ба Эрон иҷозат медиҳад, ки рӯзона то як миллион бушка нафт содир кунад. Аммо акнун Теҳрон дар миёнаи музокироти доманадоре бо қудратҳои ҷаҳонӣ аст, ки дар сурати дастёбӣ ба тавофуқ, тамоми таҳримҳо алайҳи он метавонад лағв шавад.