Боздошти афсари милиса бо гумони тарғиби ақидаҳои Салафия

Акс аз бойгонӣ.

Як ходими милисаро дар дар шаҳри Кӯлоб бо гумони тарғиби ақидаҳои равияи мазҳабии Салафия дастгир кардаанд.
Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили дифоъ гуфт, дар шаҳри Кӯлоб ходимони идораи амнияти миллӣ як корманди Шӯъбаи корҳои дохилии истигоҳи роҳи оҳани Айнӣ дар канори Душанберо бо ҷурми тарғиби равияи мамнӯи Салафия боздошт карданд, ки ҳоло ӯ аз ҳуқуқи ӯ дифоъ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, капитани милиса Шариф Миров аз рӯи моддаи 189, қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне ангехтани кинаву адовати динӣ гумонбар дониста мешавад. Аммо Раҳмоналӣ Раҷабов боздошти Мировро як нофаҳмӣ унвон карда гуфт, ки эҳтимол зерҳимояааш рӯзҳои наздик озод шавад.

- Ҳоло чизе маълум нест. Бо зерҳимояаам сӯҳбат кардам ва ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки ӯ ба чунин амал даст зада бошад. Умедворам, ки бегуноҳии ӯ исбот мешавад ва ӯро озод хоҳанд кард. Боздошти ӯ шояд дар паи нофаҳмие рух дода бошад. Ӯ ба минтақаи Кӯлоб барои аёдати хешу табораш омадааст, - гуфт, Раҷабов.

Бо зикри ин хабар, аммо Раҷабов аз шарҳи бештари ин хабар худдорӣ кард ва гуфт, бинобар норӯшаниҳо дар ин боздошт намехоҳад, аз тафсилоти бештар сӯҳбат кунад. Аммо ин вакил бовар дорад, ки Миров то боздошташ дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ кор мекард.

Ҳанӯз мушаххасан маълум нест, ки манзури мақомот аз тарғиби ақидаҳои як созмони мамнӯъ аз ҷониби ходими милиса чист ва ин тарғибот дар кадом минтақаи Тоҷикистон - Кӯлоб ё истгоҳи Айнӣ ба роҳ монда шудааст?

Тибқи маълумоти дастрасшуда, Шариф Миров, соли 1974 дар деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе сукунат доштааст.

Ин бори аввал аст, ки як корманди милиса бо гумони тарғиби равияи Салафия дар Тоҷикистон боздошт мешавад.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз роҳ ёфтани намояндагони равияи cалафия ва пайравони "мазҳаби шиаи исноъашарӣ" ё дувоздаҳимома ба сохторҳои давлатии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд.

Ӯ рӯзи 16-уми апрел дар як мулоқот бо фаъолону имомхатибон ва ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб аз ин падида изҳори таассуф кард ва гуфт, мутаассифона, мешунавем, ки то ҳадду андозае баъзан аз ин гурӯҳҳо, яъне намояндагони равияи Салафӣ ва мазҳаби шиаи исноъашарӣ дар мақомҳои давлатӣ ҳам ҷой гирифтаанд, кор мекунанд ва барои густариш додани ақидаҳои худ талош доранд."

Аммо раиси шӯрои уламои дини Тоҷикистон аз нафари мушаххаси намояндаи салафия ва "шиаи исноъашарӣ" ва дар кадом мансаб фаъолият кардани онҳо ном набурд.

Баҳси Салафия наздик ба даҳ сол аст, дар Тоҷикистон идома дорад ва рӯз то рӯз бо изҳори назарҳои мухталиф печидатар мешавад.

Нигаронии раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавриди роҳ ёфтани салафия дар ҳолест, ки 15-уми августи соли гузашта Саидмурод Фаттоев, мушовири давлатии раисҷуҳмур дар як ҳамоиш гуфт, бо назардошти муносибатҳои нек бо Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон наметавонад ба ҷараёни салафия фишор оварад.

«Вақте мо дар мавриди ин гуна ҷараёнҳо суханронӣ мекунем, бояд эҳтиёт кунем. Албатта, ин ҷараёнҳо дар мо мамнуъ эълон карда шудааст. Вале мо бояд ҳангоми суханронӣ дар нисбати ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо бояд эҳтиёткор бошем, чунки бархе аз ин равияҳо дар кишварҳои Халиҷ ҳизбҳои расмии давлатӣ маҳсуб мешаванд ва мо бояд коре кунем, ки ба иззати нафси онҳо нарасем.»

Салафия як ҷараёни мазҳабии нав дар Тоҷикистон аст, ки пайравонаш бо шеваи намозгузорӣ, яъне рафъи ядайну бо садои баланд омин гуфтан бо пайравони чор мазҳаби Ислом, аз ҷумла ҳанафиҳо ихтилофи назар доштанд. Пайравони ин гурӯҳ тақрибан дар соли 2005 дар масоҷиди Тоҷикистон зуҳур карда, бо рӯҳониёни мазҳаби ҳанафӣ рӯи масоили динӣ ба баҳс нишастанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости додситони кул дар оғози соли 2009 барои халалдор нашудани вазъи амниятӣ фаъолияти салафияро мамнӯъ эълон кард.