Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ замоин ҳабси вакили мудофеъ Фахриддин Зокировро то 2 моҳи дигар тамдид кардааст. Яке аз наздикони ин вакили мудофеъ ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ рӯзи 6 май ҳукми ҳабси Зокировро тамдид кард ва ӯ то авоили моҳи июл дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ хоҳад монд.
Фахриддин Зокиров, ки дар додгоҳ аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов ҳимоят мекард, моҳи март аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт ва тибқи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноӣ (аз худ кардани амволи дигарон) алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Гуфта мешавад, ин парванда бар пояи 1 миллион доллар қарзест, ки як ширкати тиҷорӣ аз Тоҷиксодиротбонк гирифтааст ва баҳсаш 3 сол боз идома дошт. Аммо вакилони Фахриддин Зокиров мегӯянд, қазияи Зокиров сиёсист ва Оҷонсии мубориза бо фасод аз ӯ барои мавқеъи собиташ дар қазияи Зайд Саидов интиқом меҷӯяд. Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва соҳибкори шинохта, моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд