Ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз афзоиши гирифторони полиомелит ё фалаҷи атфол дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон мақомоти Тоҷикистонро водор кардааст, ки даври дувуми эмкунии кӯдаконро зидди ин беморӣ оғоз кунанд.
Ин дар ҳолест, ки додугирифти тиҷоратии Тоҷикистон бо Покистон сол ба сол бештар шуда, кишвар бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва сардухтури давлатии санитарии кишвар рӯзи чоршанбеи 7-уми май дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, кӯдакони тоҷик аз гирифтор шудан ба фалаҷ ё полиомелит эмин мебошанд. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Ҷаъфаров, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ замоне аз хуруҷи бемории полиомелит дар шимоли Афғонистон огоҳ шуданд, ки ҳанӯз даври аввали эмкунии кӯдаконро дар Тоҷикистон шурӯъ карда буд.
Ба ин далел, мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон бар инанд, ки кӯдакони синни то 5-солаи тоҷик сад дар сад аз сироят ёфтани ин беморӣ аз ҳамсоя кишвари Афғонистон эмин мебошанд. Барномаи эмкунии онҳо ҳанӯз аввали соли ҷорӣ сар шуда ва тибқи он бояд як миллиону 300 ҳазор кӯдак эм шаванд. Давраи аввали ваксизании кӯдакон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемории фалаҷ ҳанӯз моҳи феврал оғоз гардид ва моҳи гузашта анҷом ёфт ва ҳамакнун қарор аст, даври дуюми он аз 19-ум то 24 май баргузор гардад.
Наврӯз Ҷаъфаров гуфт: «Дар баробари ду давра эм кардани кӯдакон барои пешгирии полиомелит боз дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ҳафтаи ваксинзании Аврупоро низ гузаронидем, ки сад дар сад кӯдакони ин минтақаи Тоҷикистон эм карда шуданд. Ҳатто барои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ , гурӯҳҳои сайёр ташкил карда шуда, тамоми кӯдаконе, ки марзи Афғонистонро убур кардаанд, ваксин заданд. Ҳатто он кӯдакони афғоне, ки барои меҳмонӣ ба Тоҷикистон барои чандрӯза омада буданд, ваксин зада шуданд. Беш аз 96 дарсади кӯдакони сини эмкунӣ ваксин зада шуданд. Бинобар ин бо дилпурӣ мегӯям кӯдакони тоҷикро ҳеҷ гуна хатаре дар ин росто таҳдид намекунад. Талош дорем статуси Тоҷикистонро, чун як давлати бидуни бемории фалаҷ аст нигоҳ дорем.»
Ба ин тартиб муовини вазири тандурустӣ умедвор аст, ки бо анҷоми чорабиниҳои алайҳи бемории полиомелит ё фалаҷи атфол, Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро хоҳад дошт, то унвони кишвари "бидуни полиомелит" -ро касб кунад.
Ҳамчунин Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон марзи худро бо Афғонистон нахоҳад баст. Зеро ба гуфтаи вай, тибқи қоидаҳои байналмилалии тиббӣ - санитарӣ, танҳо дар сурати сар задани уфун ё эпидемия кишварҳо метавонанд, то поёни хатар марзҳои худро банданд.
Тавре гуфта мешавад, Созмони ҷаҳонии беҳдошт соли гузашта эълон карда буд, ки ҷаҳонро аз вируси фалаҷ озод хоҳад кард. Тибқи як барнома, ин созмон ҳадаф дорад, то соли 2018 тамоми нишонаҳои полиомиелитро дар ҷаҳон нобуд созад. Арзиши барномаи нави зидди фалаҷ 5,5 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Ҳадафи барнома қабл аз ҳама то соли 2014 нобуд кардани нишонаҳои ин маризӣ дар кишварҳои манбаи хуруҷи фалаҷ мебошад. Ба хусус Нигерия, Афғонистон ва Покистон, ки аз чунин кишварҳо ба шумор мераванд.