Марҳилаи ниҳоии сабтиноми довталабон дар Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои олии кишвар анҷом ёфт. Аммо масъулон мегӯянд, довталабон аз нақшаи пешбинишуда барзиёд ҳуҷҷат супоридаанд.
Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раҳбари Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 2-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар марҳилаи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ, ки аз 1-уми март то 30-юми апрел давом кард, 52 ҳазору 626 нафар довлатабон дар 20 нуқтаҳои ба қайдгириии ва 11 шаҳру навоҳии кишвар сабтином шуданд.
Ҷаноби Раҳмонов афзуд, ки кластери 5-ум, ки фанни ҳуқуқу тиб ва биологияро дар бар мегирад, бо сабтиноми 14 801 довталаб пешсаф аст. Инчунин ба гуфтаи ин масъули Маркази миллии тестӣ, дар кластери 2 , 12 240 довталаб, дар кластери 1, 9380 нафар, кластери 3, 8948 ва дар кластери 4, 7257 нафар довталаб сабтином шудаанд.
Маҳмадалӣ Раҳмонов муовини раҳбари Маркази миллии тестӣ нахуст аз теъдодӣ довталабоне, ки дар давраи иловагӣ сабтином шуданд, сӯҳбат кард:
Маҳмадалӣ Раҳмонов: «Аз 16 то 30 апрел дар кишвар ба қайдгирии иловагӣ ва ё таҳрир намудани маълумотҳои шахсии довталабон сурат гирифт. Дар ин давра 4 941 нафар довталаб ба нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар давраи асосӣ аз қайд гузашта буданд муроҷтиат намудаанд. Аксари онҳо, ихтисос, кластер ва маълумотҳои худро иваз ва ё таҳрир карданд».
Озодӣ: Теъдодии умумии довталабони ятим ва маъюб чӣ қадар аст?
Маҳмадалӣ Раҳмонов: «Маълумоте ки нисбат ба довталабони ятим ва маъюб дар даст дорем чунин аст. Дар маҷмӯъ 146 нафар ятими кулл ҳастанд ва дар баробари ин 142 нафаре ҳам сабтином шудаанд, ки дараҷаи маъюбӣ доранд».
Озодӣ: Ба асоси нақшаи пешбинӣ шуда, бояд чӣ теъдод довталаб ҳуҷҷат месупорид ва ҳоло кадом донишгоҳ аз интихоби довталабон пешсаф аст?
Маҳмадалӣ Раҳмонов: «Ягона чизе, ки ман мехостам таъкид кунам, ин аст, ки қариб дар ҳамаи донишгоҳҳо довталабон ҳуҷҷат пешниҳод карданд. Чунки нақшаи қабул дар маҷмӯъ 37 ҳазор донишҷӯ дар 30 муассисаи олии касбӣ буд. Вале имрӯз рақамҳоро мебинед, ки 52 626 нафар довталабон ҳуҷҷат пешниҳод карданд, яъне ҳудуди 16 ҳазор довталаб зиёд аст. Дар мавриди пешсаф будани кадоме аз донишгоҳҳои олии кишвар танҳо инро гуфтаниям ки чунин оморро ҳам дорем ва хонандаҳо метавонад дар ин суроға http://www.ntc.tj/images/file/Nomgui_muassisaho.pdf пайдо кунанд»
Озодӣ: Марҳилаи супоридани имтиҳонҳо кай шуруъ мешавад?
Маҳмадалӣ Раҳмонов: «Фаъолияти марказ марҳилавӣ буда, аз давраҳои мушаххас иборат аст. Пас аз анҷоми сабтиноми довталабон, давраи коркарди маълумотҳои довталабон дар марказ сурат мегирад. Ва то санаи 31 май бояд ҳар як довталаби сабтиномшуда, даъватномаро дастрас кунад. Аз ин лиҳоз бояд мувофики ҷадвали баргузории имтиҳонҳо, натиҷаҳо коркард шаванд. Барои ирсоли даъватномаҳо, 68 шаҳру ноҳия нуқтаҳо дорем, ки баъзеи онҳо ноҳияҳои дурдаст ҳастанд».
Озодӣ: Даъватномаҳо чигуна ба дасти довталабон мерасад?
Маҳмадалӣ Раҳмонов: «Дар давраи бақайдгирӣ, ҳар як довталабе, ки сабти ном мешуд, макони гирифтани даъватномаро интихоб намуда буд. Маконҳое ки довталаб метавонад даъватномаи худро дастрас кунад, инҳоянд: муассисаи таълимие, ки довталаб онро хатм кардааст ва ё хатм мекунад, шӯъбаи маорифи ноҳия, филиалҳои минтақавӣ ва чорум вариант озод буд, яъне ҳар як довталаб метавонад аз сомонаи марказ даъватномаи худро дастрас намоянд».
Озодӣ: Макони баргузории имтиҳонҳои тестӣ дар куҷо роҳандозӣ шудааст?
Маҳмадалӣ Раҳмонов: «Имрӯз алакай марказҳои имтиҳонӣ аз тарафи комиссияе, ки ба сафари корӣ баромада буданд, дар 11 шаҳру ноҳия 40 маркази имтиҳониро интихоб намуданд. Ин ҳам бошад, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Рашту Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳритусу Данғара интихоб шуданд. Аксарият мактабҳои таҳсилоти миёнаи умуми интихоб шуданд ва танҳо дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рашт донишкадаи омӯзгории ин ду минтақа интихоб шудааст.»