"Сова" кушторҳои бегонаситезонро нашр кард

Александр Верховский, раиси "Сова"

“Сова”-маркази ҳифзи ҳуқуқ дар Маскав гузориш додааст, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар натиҷаҳи ҳамлаи бегонаситезон ва тундравҳои миллатгаро 8 нафар кушта ва 31 нафари дигар лату кӯб шудаанд. Ҳамлаҳои бегонаситезон дар 11 минтақаи Русия сабти ном шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки моҳи апрел аз дасти бегонаситезон 6 нафар осеб дидаанд ва яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав ба қатл расидааст.

Вале шоҳидони айнӣ шаҳрвандони Тоикистон дар Маскав мегӯянд, фақат дар як ҳафтаи моҳи апрел аз 18 то 25 апрел ва фақат дар шаҳри Маскав 3 шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти тундравҳои миллатгаро ва бегонаситезон ваҳшиёна ба қатл расидаанд.

Бино ба гуфтаи намояндаи маркази “Сова”, дар робита бо зодрӯзи Адолф Гитлер , яъне 20 апрел қатлу кушторҳо афзоиш ёфтааст.