Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт алайҳи гумонбарони куштори Умеда Раҳимова, талабаи синфи 11- и яке аз мактабҳои пойтахт, ки рӯзи 8 март дар манзили зист бо 17 зарби корд ба қатл расида буд, айб эълон кард. Мавлудхон Салиҳов, вакили мудофе имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи 30 апрел додгоҳи Сино дар нисбати ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ Самандар Амиршоев ва Саъдӣ Абдуғаффоровро, ки дар 12 март кормандони умури дохила онҳоро ҳамчун гумонбар боздошт карда буданд, бо ҷурми «куштор» ва «авбошӣ» айбдор кард. Тибқи Кодекси ҷиноӣ Самандар Амиршоев ва Саъдӣ Абдуғаффоров бо моддаи 204 яъне куштор ва бо моддаи 237 қисми 3 авбошӣ гунагор дониста шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пас аз рух додани ин ҳодисаи даҳшатнок, дар рӯзи ҷаҳонии занон 8 март, ки сокинони пойтахтро такон дода буд, 12 март аз боздошти гумонбарони қатли Умеда талабаи мактаби шаҳр хабар доданд.
Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши парвандаи қатли Умеда Раҳимова собит кард, ки ин ҷиноят ба хотири ғоратгарӣ сурат гирифтааст. Вай гуфт,ҷавононе, ки Умедаро куштанд, бо ҳадафи ғоратгарӣ хонаи онҳо даромада буданд. Аммо баъди куштани Умеда аз хона ҳамагӣ 100 доллар пайдо мекунанд. Умеда Раҳимова сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11-ум, дар таърихи 8-уми март, Рӯзи байналмилалии занон, бо 17 зарби корд ба қатл расид.