Вячеслав Пономарёв -шаҳрдори худхондаи шаҳри Славянск дар шарқи Украина мегӯяд, гурӯҳи нозирони байналмиллалии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ки дар гаравгонии афроди вай мебошанд, “асирони ҷанг” дониста мешаванд.
Пономарёв ба як гурӯҳи хурди рӯзноманигорон 26 апрел гуфт: “Дар шаҳри мо вазъияти ҷангӣ идома дорад ва ҳар шахси низомӣ, ки барои вуруд иҷозаи моро надорад, асири ҷангӣ ҳисоб мешавад”.
Гурӯҳи нозирони САҲА аз 4 олмонӣ, як шведӣ, як лаҳистонӣ, як донморкӣ ва як чех иборатанд. Онҳо 25 апрел боздошт шуда буданд ва Пономарёв мегӯяд, ки онҳоро бо тундравҳои ҷонибдори Русия, ки дар шаҳри Киев боздошт шуда буданд, мехоҳад радду бадал кунад.
Пономарёв гуфтааст, ки афроди вай дар як амалиёти шабона се нафари дигарро боздошт кардаанд, ки афсарони Хадамоти Амнияти Миллии Украина будаанд.