Полиси Ҷумҳурии Чех шоми ҷумъа, рӯзи 25 апрел дар ду масҷиди маркази шаҳри Прага амалиёти вижа роҳандозӣ карда, дасти кам 15 нафар, аксар шаҳрвандони хориҷиро боздошт карданд.
Полиси Ҷумҳурии Чех шоми ҷумъа, рӯзи 25 апрел дар ду масҷиди маркази шаҳри Прага амалиёти вижа роҳандозӣ карда, дасти кам 15 нафар, аксар шаҳрвандони хориҷиро боздошт карданд. Сардабири вебсайти caucasustimes.com Ислом Текушев аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки полис ду гумонбарро ҷустуҷӯ дорад, ки ба паҳн кардани адабиёти мамнӯи экстремистӣ машғул буданд.
- Ман дидам, ки аз дохили масҷид тахминан 15 намозгузорро, ки дастонашон завлона зада шуда буд, бароварда ба мошини полис бор карданд. Қабл аз ин, аз дохили масҷид кӯдакон ва занонро берун карданд. Ҳоло тафтиши санадҳои дигар намозгузорон, ки ба ҳангоми амалиёти полис дар дохили масҷид буданд, идома дорад, - гуфт Ислом Текушев.
Тибқи иттилои муқаддамотӣ, дар миёни намозгузорон шаҳрвандони Индонезия, Бангладеш, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо буданд. Ҳанӯз мушаххасоти дигар дар даст нест.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад