Ташхиси пизишкони беморхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд рӯшан кардааст, ки ду устухони сутунмӯҳраи Хушнуд Исомиддинови 23-сола, ҳини фирор «облава» ва уфтодан аз ошёнаи чаҳорум, шикастааст.
Хушнуд Исомиддинов, бо миёни шикаста таҳти назорати табибон дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ аст. Рӯзи 28 апрел вақте ба аёдаташ рафтем, дар сӯҳбат бо «Озодӣ” гуфт, ки рӯзи 25 апрел, соатҳои шаши субҳ 4 нафар ва яке аз онҳо - корманди комиссариати низомӣ маҷбурӣ ба манзилаш дохил шуда, гуфтанд, ки дар маҳалла кадом гурӯҳи авбош занозанӣ кардаву Хушнуд бояд барои баёнот ба шӯъбаи милиса биравад.
Хушнуд мегӯяд, дар соати шаши субҳ бидуни даъватнома ва бо либоси оддӣ омадани онҳо мақсади бо зӯрӣ ба комиссарияти ҳарбӣ бурдани ӯро дошт. Вай хост бо балкони ҳамсоя гузарад ва фуромада фирор кунад, вале оҳан канда шуда, ба замин сарозер шуд: «Баъди он ки дар замин задам, бо гармӣ хеста ду - се қадам рафта афтодам. Онҳо маро ба зӯрӣ ба комиссарияти ҳарбӣ бурданд. Дар он ҷо манро тахмин 2 соат нигоҳ доштанд. Ман аз шиддати дарди тоқатфарсо дар курсӣ шиштан натавонистам ва ба фарш дароз кашидам, баъд беҳуш шудам ва бо тавсияи духтури он ҷо маро ба беморхонаи вилоятӣ овардаанд.»
Хушнуд Исомидинов мегӯяд, нафароне, ки ӯро бурда буданд, худро шинос накарда, дар манзили зисташ ва комиссариати низомӣ ба вай алфози сахту қабеҳ мезаданд: “Худашонро шинос накарданд, нагуфтанд, ки куҷо мебаранд. Ба комиссариати ҳарбии Хуҷанд бурданд ва кормандон пурсиданд, ки чаро худатро партофтӣ, аз хидмат метарсӣ? Ман гуфтам, ки чаро нагуфтед, ки ба хидмат меравӣ, чаро даъватнома нафиристодед ва манро бо зӯрӣ ин ҷо овардед?”
Посухи ин саволҳоро аз масъулони комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд пурсидам. Нозимҷон Шомаҳмадов, аз масъулони ин ниҳод гуфт, ин ҳодисаро шунидаву вале огоҳии пурра надорад: “Ман ҳам инро шунидам. Аммо намедонам, кӣ он ҷо рафтаасту чӣ шудааст. Ин масъаларо прокуратура таҳқиқ дорад”. Ҷаноби Шомаҳмадов гуфт, ки вале комиссариати ҳарбии Хуҷанд ба таҳқиқи ин масъала машғул нест.
Исмоилхон Ашӯров, табиби Хушнуд дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии Суғд ба “Озодӣ” гуфт, ки вай бояд 4 моҳ таҳти назорати табибон бистарӣ бимонад. Ба гуфтаи вай, Хушнуд бо “осеби пӯшидаи косахонаи сар, ларзиши майна ва шикасти пӯшидаи ду муҳраи сутунмуҳраи камариаш” бистарӣ карда шуда, ҳоло ҳама аъзои ҷисмашро ҳис мекунад ва ба ҷарроҳӣ ниёз надорад."
Хушнуд Исомидинов, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт буда, 2 сол пеш коллеҷи омӯзгориро хатм кардаву моҳи апрел ба хотири идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Маркази миллии тестӣ супурд ва дар ҳуҷраи яке аз наздиконаш дар Хуҷанд барои имтиҳон омодагӣ медид.
Адолат Исомиддинова, модари Хушнуд, муаллимаи яке аз мактабҳои ин маҳал, ки дар сари болини писараш буд, мегӯяд, шавҳараш 15 сол қабл фавтидаву як писараш 15 сол инҷониб дар Русия аст ва саробони хонавода ҳамин Хушнуд аст: “Агар чор одам ба хона зер карда намедаромаданд, ин ҳодиса намешуд. Ба нағзӣ мегуфтанд ё даъватнома медоданд, намешуд?.. Бачама маъюб карданд. Акнун чораша бинанд."
Ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ тариқи «облава» ё худ маҷбурӣ ва ғайриқонунӣ дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз шурӯи даъвати имсола аз масъулон даъват ба амал овард, то "облава"-ро бас кунанд.
Хабари облава кардани ҷавони 23-сола дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш марги як сарбоз дар қисми ҳарбӣ расонаӣ шуда буд. Ҷасади Акмал Давлатов, аскари нерӯҳои марзбониро рӯзи шанбе, 19-уми апрел ба ҷамоати Дашти гулҳои ноҳияи Ҳамадонӣ, 200-километрии ҷануби Душанбе овардаанд ва дар ташхиси тиббӣ зикр шудааст, ки «нон гулӯи сарбозро гирифтасту ҷон додааст.»
Акмал Давлатов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва сарбози қисми ҳарбии 2850-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, ки 6 моҳ қабл тариқи «облава» ба хизмати ҳарбӣ рафта буд, дар қисми ҳарбӣ ба ҳалокат расидааст.
Хабари марги боз як сарбоз дар қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки мавзӯъи бар асари бадрафтории ҳамхидматон шикастани гардани Шаҳбол Мирзоев, як сарбози дигари нирӯҳои марзбонӣ аз моҳи март ба ин тараф вирди забони матбуот ва мардум боқӣ мемонад. Аз таъмини молии табобати ин сарбози маъюб даст кашидани мақомот ба оташи интиқодҳо аз нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон равғани бештар рехтааст.
Ҳамин тавр, раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзи 12 апрел бар асари як муноқиша миёни ду сарбози қисми ҳарбии «6593», яке аз сарбозҳо -- Хуршед Кенҷаев - аз тири ҳамхизматаш кушта шуд. Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар посгоҳи назоратии маҳбаси Норак рух дода, сарбози посбон Хуршед Кенҷаев -- сокини ноҳияи Панҷакент аз тири автомати Калашников кушта шудааст. Ба иттилои ин манбаъ, ду сарбози ин қисми ҳарбӣ ҳангоми назорат дар посгоҳи маҳбаси занонаи Норак бо якдигар вориди баҳс мешаванд ва дар натиҷа дигарӣ ба тарафи Хуршед Кенҷаев оташ мекушояд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад