Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон як медали нуқра ва як нишони биринҷӣ ба даст овард.
Сомиршон Воҳидов дар рақобатҳо дар вазни то 70 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш Кен Ҳосака аз Ҷопон ва Кумар Амит Дакар аз Ҳиндустон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар даври ниҳоӣ аз Мустафо Ҳусайнхонӣ аз Эрон шикаст хӯрд ва мақоми дувумро касб кард.
Дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Қазоқистон беш аз 200 варзишгар дар намудҳои гуштии озод, гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ ва гуштии занона ширкат доранд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 16 варзишгар дохиланд. Ба ҷуз Сомиршо Воҳидов, паҳлавони маъруфи тоҷик Искандари Рустам (97 кг) медали биринҷӣ ба даст овард. Вале шаш шнамояндаи дигари Тоҷикистон -- Вайсиддин Ибодов, (57кг), Николай Ноев (61кг), Зелимхон Юсуфов (65кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Салим Хоҷаев (86 кг) ва Фарҳод Анақулов (120 кг) дар намуди гуштии озод аз идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуданд.
Ҳашт нафари дигар дар гуштии фарангӣ рӯзҳои 26- 27-уми апрел рақобат хоҳанд кард.
Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Эрон бо шаш медали тилло ғолиб шуд. Мақоми дувумро гуштигирони Муғулистон соҳиб шуданд. Дастаи мизбон -- Қазоқистон бо ду медали тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ дар намуди гуштии озод дар ҷои севум қарор гирифт.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод , шаҳри Остона, 23-24-уми апрели соли 2014
Вазни 57 кг
1. Расул Калиев (Қазоқистон)
2. Дамдинбазар Тсогтбахтхр (Муғулистон)
3. Самад Нодирбек-улу (Қирғизистон), Фумитака Моришита (Ҷопон)
Вазни 61 кг
1. Масъуд Исмоилпур (Эрон)
2. Баҷниш Баҷранг (Ҳиндустон)
3. Даулет Ниёзбеков (Қазоқистон), Низмомдакх Лхамгармаа (Муғулистон)
Вазни 65 кг
Вазни 70 кг
1. Мустафо Ҳусайнхонӣ (Эрон)
2. Сомиршо Воҳидов (Тоҷикистон)
3. Кен Хосака (Ҷопон), Иброҳим Нуриддинов (Узбакистон)
Вазни 74 кг
1. Ризо Афзалӣ (Эрон)
2. Перевҷав Унурбат (Муғулистон)
3. Иннокентий Иннокентев (Қирғизистон), Риоичи Яманка (Ҷопон)
Вазни 86 кг
1. Майсам Мустафо Ҷавкор (Эрон)
2. Аслан Кахидзе (Қазоқистон)
3. Рашид Қурбонов (Узбакистон), Оргадол Уйтумен (Муғулистон)
Вазни 97 кг
1. Дорҷиханд Худербулга (Муғулистон)
2. Магомед Мӯсоев (Қирғизистон)
3. Сативарт Кадиан (Ҳиндустон), Искандари Рустам (Тоҷикистон)
Вазни 125 кг
1. Кумайл Қосимӣ (Эрон)
2. Натсогсуерн Золбу (Муғулистон)
3. Даулет Шабанбай (Қазоқистон), Шанг Хай (Чин)

- Сайидаҳмад Муҳаммадӣ (Эрон)
- Канг Чжин Хок (Кореяи Шимолӣ)