Ягона нашрияи мустақил дар Хатлон аз чоп бозмонд

Бо амри додситонии вилояти Хатлон фаъолияти ҳафтаномаи «Пайк», танҳо нашрияи мустақил дар ҳудуди ин вилоят қатъ шудааст.
Бо амри додситонии вилояти Хатлон фаъолияти ҳафтаномаи «Пайк», танҳо нашрияи мустақил дар ҳудуди ин вилоят қатъ шудааст. Дар дастури додситонӣ омадааст, ки ин нашрия натавонистааст, мӯҳлати кори худро дар муддати 5 моҳи аз рӯи қонун муқарраршуда тамдид кунад ва зиёда аз панҷ моҳи дигар бидуни иҷозат кор кардааст. Акнун ҳафтанома бояд дигарбора дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти ном шавад ва мӯҳлати нави ҳаққи фаъолияти он муайян гардад. Додситонӣ ҳамчунин ҳафтаномаро барои нақзи муқаррарот ва фаъолияти зиёда аз мӯҳлати таъингашта 400 сомонӣ ҷарима бастааст.

Ин дар ҳолест, ки Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи «Пайк» мегӯяд, дар давоми панҷ моҳ аз вазорати фарҳанг огаҳиномае нагирифтааст, то ба дароз кардани мӯҳлати фаъолияти нашрия иқдом кунад. Вай меафзояд, бо ин вуҷуд, идораи нашрия ин камбудии худро эътироф кардааст. Аммо ба дарозо кашидани мӯҳлати тамдиди фаъолият, онҳоро нигарон ва дар ҳолати шакку тардид қарор додааст.

Аҳмади Иброҳим

Ӯ гуфт: «Ин ҷо айби сардабири ҳафтаномаро мо инкор намекунем. Мо гумон надоштем, ки танҳо моро 5 моҳ иҷозаи фаъолият додаанд. Мо барои ин камбудиамон ҷарима шудем ва бояд дубора ба мо иҷозаи фаъолият диҳанд, зеро акнун мо ҷуброни иштибоҳи худро пардохт кардем. Масъулони вазорати фарҳанг ба мо ваъда карданд, ки як ҳафта пас дубора ба қайд мегирем, аммо як ҳафта гузашт ва боз ин корро бо ҳар баҳона ба ҳафтаи дигар гузоштанд. Мо аз он ташвиш дорем, ки бо ҳамин баҳона моро иҷозаи фаъолият намедиҳанд. Худо кунад, ки кор то ин дараҷа нарасад».

Зимни баҳси мазкур ин ҳафта нашрия чоп нашуд ва маълум нест, кай нашри он аз сар гирифта хоҳад шуд. Дар ин байн хавфи он вуҷуд дорад, ки ҳафтанома хонандагон ва бозори гарми худро, ки бо машаққати зиёд касб карда буд, аз даст диҳад. Дар посух ба арзи сардабири «Пайк», Сайфулло Қодиров, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 23-уми апрел дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар Тоҷикистон беш аз 300 нашрия сабти ном шудааст ва вазорат ӯҳдадор нест, ҳар кадоми онҳоро аз анҷоми мӯҳлати фаъолияташон огоҳ кунад.

Ӯ мегӯяд, ин камбудиро додситонии вилоят зимни як санҷиш маълум кардааст, ки онҳо аз ин хабар надоштанд. Қодиров гуфт, 16-уми апрел ин ҳафтанома ҷиҳати дубора тамдид кардани фаъолияташон муроҷиат кардааст, аммо ҳоло маълум нест, вазорат ба аризаи сардабири нашрия чӣ посух медиҳад:
«Мо барои он 5 моҳ ба ин нашрия иҷозаи фаъолият дода будем, ки ҳоло намедонистем, самти фаъолияташ чи гуна аст ва то кадом андоза қонунҳои ҷории кишварро риоя мекунад. Тибқи қонун мо як моҳ фурсат дорем, ки аризаро баррасӣ кунем. Ҳоло аниқ гуфта наметавонам, ки мо фаъолияти нашрияро дубора сабт мекунем ва ё на. Дар раванди фаъолияташ мо дидем, ки дар бархе маворид ин нашрия ба таҳқиру тӯҳмат роҳ додааст, ки инро ба худи сармуҳаррираш ҳам дар мисоли шумораи охираш гуфтам».

Аммо Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрия мегӯяд, онҳо талош мекарданд, то қонунҳои ҷории кишварро риоя кунанд. Ӯ мегӯяд, «Пайк» аз ҳафтаномаҳоест, ки камбуди ҷомеа ва мансабдоронро ошкоро баён медорад ва мансабдорони интиқодшуда борҳо кормандони онро таҳдид кардаанд, ки нашрияро хоҳанд баст: «Мо таҳқиру тӯҳмат не, балки танқид мекунем, то камбудиҳо ислоҳ шаванд. Танқидро ҳам дар доираи қонун. Агар фаъолияти мо тамдид нашавад, пас ба ин хулоса меоем, ки афроди танқидшуда таъсири худро расониданд ва гузаштани мӯҳлати тамдид ва огоҳ накардан як баҳонае беш набудааст. Дер шудани иҷозаи фаъолият ҳам ба кори ояндаи мо таъсири ҷиддӣ мерасонад.»

Абдулфаттоҳ Воҳидов



Ҳафтаномаи «Пайк» дар ҳоле аз нашр бозмондааст, ки коршиносон аз халои иттилоотӣ дар манотиқи дурдаст изҳори нигаронӣ мекунанд. Абдуфаттоҳ Воҳидов, як масъули НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон камбуди ҷиддии иттилоотӣ мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Воҳидов, фаъол набудани васоити ахбори оммАи маҳаллӣ боиси он мешавад, ки сокинон зери иттилооти бегона қарор мегиранд.

«Ин чиз ҳатто дар суханронии имсолаи президент ҳам ба парлумон зикр шуд, ки амнияти иттилоотии кишвар ҳифз карда шавад. Замоне, ки дар вилоятҳо, ба хусус, Бадахшону Хатлон ВАО-и маҳаллӣ фаъол нест, мо ба ҳеҷ роҳи дигаре наметавонем, амнияти иттилооти кишварро ҳифз кунем. ВАО-и марказӣ ҳам барои минтақаҳо наметавонанд, халои иттилоотиро пур кунанд. Андеша дорам, ки ВАО-и маҳаллӣ фаъол карда шавад ва барои ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва дастрасӣ ба маълумот масъулон бояд ҳамкории зич дошта бошанд.»

Нашрияи «Пайк», ягона нашрияи мустақил дар бузургтарин вилояти Тоҷикистон дар моҳи июли соли гузашта ба фаъолият оғоз карда буд. Дар ин вилоят ҳамагӣ ду телевизонии мустақил, яке дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигаре дар ноҳия Восеъ ба таври маҳдуд барнома пахш мекунанд, ки ин наметавонад халои иттилоотиро пур кунад. Қаблан низ ду нашрияи мустақил дар ин вилоят бо сабабҳои гуногун аз чоп бозмонда буданд.