Танқидҳои муовини президенти ИМА аз Маскав дар як вақт бо изҳороти Пентагон дар бораи шурӯи размоишҳои низомии НАТО дар Аврупои Шарқӣ пахш шуд.
Таҳлилгарони амрикоӣ изҳороти Ҷо Байден, муовини президенти ИМА-ро дар Киев ва ҳамчунин сафарбаршавии чандсад низомии амрикоиро барои ширкат дар маневрҳои муштараки низомӣ дар канори артиши Полша ва кишварҳои Балтикро чун “огаҳии хеле ҷиддӣ” арзёбӣ карданд.
Зимни суханрониаш дар Киев, муовини раиси ҷумҳури ИМА мардуми Украинаро мутақоид кард, ки дар мухолифатҳои Украина бо Русия - ИМА дар паҳлӯи ин мардум қарор дорад ва ва Вашингтон ҳеҷ гоҳ тасарруфи Қримро эътироф намекунад.
Суханҳои Байденро ин навбат Пентагон тақвият дод. Намояндаи Вазорати дифои ИМА дар Вашингтон гуфт, ки аз пойгоҳи низомии Итолиё ба Полша 150 низомии амрикоӣ интиқол ёфтаанд, ки дар маневрҳои низомии муштараки Полша иштирок мекунанд. Қарор аст рӯзи душанбе боз 450 низомии дигар ба Литваву Латвия ва Эстония бираванд. Машқҳои низомӣ як моҳ идома мекунанд. Илова ба ин, намояндаи Пентагон гуфтааст, ки ИМА мехоҳанд ҳузури гурӯҳҳои низомии амрикоиҳоро дар қаламрави кишварҳои муттафиқи НАТО таъмин кунанд.
Ҳамчунин, эҳтимол меравад, ки шояд тобистони имсол дар қаламрави Украина машқҳои муштараки низомӣ баргузор шаванд. Дар маҷмӯъ, дар бораи ин ниятҳои Пентагон бори аввал ҳафтаи гузашта Чак Ҳейгл, вазири мудофеаи ИМА хабар дод ва гуфт, Вашингтон ба ӯҳдадориҳояш пойбанд хоҳад монд.
Вале дар шароити сафари Ҷо Байден ба Киев хабари ба Полша ирсол шудани нирӯҳои десантии амрикоӣ лаҳни ҷиддитар касб кард. Нашрияи The Washington Post хабари марбут ба сафари Ҷо Байден ба Киевро зери чунин сарлавҳа пахш кард: “ИМА дар талоши пуштибонӣ аз ҳукумати заъифи Украина нирӯҳояшро ба Аврупои Шарқӣ сафарбар мекунад”. Нашрия навишт, ки суханрониҳои Байден ба маънои пуштибонии қавии ИМА аз ҳукумати заъифи Украина мебошад.
Бояд гуфт, ки чунин пуштибониро на ҳама аъзои Конгресс кофӣ медонанд. Дар миёни онҳо тарафдорони ирсоли нирӯҳои бештари низомӣ ва ҳам тақдими силоҳ ба Украина хеле зиёд будаанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки мавзӯи Украина то рафт ба як масъалаи дохилии ИМА ҳам табдил мешавад ва дар остонаи интихоботи миёндавраии Конгресс, президент Барак Обамаро водор хоҳанд кард, ки иқдомоти ҷиддитар бигирад. Даниэл Гурэ, собиқ ходими баландпояи Пентагон ва муовини президенти пажӯҳишгоҳи Лексингтони Виргиния мегӯяд, Барак Обамаро эҳтимолан маҷбур мекунанд, ки дар остонаи интихобот, илова ба тавсеаи таҳримҳои иқтисодии Маскав, насби системаи дифои мушакиро дар қаламрави Аврупо суръат бахшад. Ҳамчунин, ба бовари вай, дар сурати амиқтар шудани бӯҳрони Украина, таъмини ин кишвар бо аслиҳа ҳам аз эҳтимол дур нест.
Ба бовари ин таҳлилгар, ИМА наметавонад тавсеаи бӯҳрони Украинаро ором қабул кунад, чунки дар ин ҳолат, “ваҳдати кишварҳои Атлантикаи Шимолӣ шикаст хӯрда Аврупо дар баробари таҳдидҳои Русия беҳимоя мемонад”. Ба қавли ӯ, Амрико ба ин чиз роҳ дода наметавонад.

- Мо, ИМА шона ба шона истода, ба ҳимояи якпорчагии Украина омода ҳастем. Бо тамоми масъулият изҳор мекунем, ки амалкарди Русияро дар Қрим эътироф намекунем, - гуфт муовини президенти Амрико ва аз Русия тақозо кард, ки ба ваъдаҳои дар Женева додааш вафо кунад. - Мо аз мақомоти расмии Русия рӯзҳои охир ҳарфи хеле зиёд шунидем. Вале дигар гап бас аст, бояд амал кунем. Бояд ба иҷрои ӯҳдадориҳоямон шурӯъ кунем.