Миҷгона Шоҳҷоноваи 30-сола, сокини деҳаи Одинабойии ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, аз ҷумлаи касонест, ки дар ҳодисаи фоҷеабори шаби 12-уми ба 13-уми апрел бо духтарчааш ҷон ба саломат бурдааст.
Ба нақли Мижгона Шоҳҷонова, вақте омадани селро диданд, аз тарси он, ки мабодо хонаҳояшон зери об монад, ба хонаи Бобои Қурбон, ки дар канораи деҳа ва баландтар аз роҳи обгузар ҷойгир буд, паноҳ бурданд. Ҳамроҳи онҳо боз як оилаи дигар ва бо соҳибхона, 3 оила дар як хона паноҳ гирифтанд. 15 нафар занону кӯдакон дар як хона, се нафар аз оилаи соҳибхона дар долон ва мардони ин оилаҳо дар хонаи дигар мунтазири кам шудани бориш мешаванд. Аммо баъд аз тахминан 10 дақиқаи паноҳ бурдани онҳо, боми хона якбора фурӯ рехт.
Миҷгона Шоҳҷонова, ки шоҳиди айнии ин ҳодисаи фоҷеабор буд ва он шаб бо марг даст ба гирибон шуд, ин ҳодисаро дар ҳоле ба "Озодӣ" нақл кард, ки дар бемористон қарор дошт. Вай гуфт, вақте бориши борон шиддат гирифт ва аз таҷрибаи ҳарсола медонистанд, ки об то ба дари хонаҳояшон меояд ва ба хотири он, ки мабодо об ба онҳо зарар нарасонад, ба канортари деҳа паноҳ бурдаанд.
Мижгона мегӯяд, вақте афроди 3 хонавода манзили Бобои Қурбонро барои худ паноҳгоҳ гирифта буданд, аввал як ларзиши сахт шуд ва мардум дар дохили хона даступохӯрда шуда ва дигар натавонистанд ба берун гурезанд ва дар ҳамин ҳол боми хона ба болои онҳо фурӯ рехт: «Агар мардум даступохӯрда намешуданд, метавонистанд ба берун гурезанд, аммо дигар чанд сония ҳеҷ кас ҳаракат карда натавонист. Дар натиҷа бо фурӯ рехтани боми хона 13 нафар бо шумули кӯдакон, ки дар кунҷи хона ба бозӣ машғул будаанд, ба ҳалокат расиданд …»
Мижгона Шоҳҷонова нақл мекунад, ки ҳангоми ларзидани хона ва фурӯ рехтани бом худро, ки дар наздикии дар будааст, ба берун кашид, аммо девор ба болояш фурӯ рафт ва зери девор монд. Вай гуфт, ду соат дар зери девор ва лой мондааст. Дар хонаи дигар, ки мардҳо будаанд, зиёд зарар надиданд ва ба кӯмаки онҳо шитофтаанд, аммо ғайр аз Мижгона касеро зинда наёфтанд:
«Мардум ба кӯмакам омаданд, аммо ба зудӣ натавонистанд маро аз зери девор берун кунанд. Каме нагузашта як пораи теппа канда шуд ва мардум маро партофта гурехтанд. Ним соат пас боз мардум омаданд, то маро наҷот диҳанд, аммо боз як пораи кӯҳ канда шуд, боз мардум маро партофта гурехтанд. Чанд маротиба омаданду рафтанд, ин дафъа бо худ лом оварданд. Дар болои пойҳоям ҷасади як зане бо кӯдакаш ва аз болои онҳо девор, то дер боз истодам. Шавҳарам бо дигар ҳамсояҳо деворҳои болоямро гирифтанд. Бо лом деворҳои болоямро шикаста сабук кардан ва маро берун кашиданд. Дар дохили хона 3 оила будем, аз як оила 6 нафар, 5 нафар аз як оила ва ду писари ман, ҳамагӣ 13 нафар ҳалок шуд…»
Ин зан мегӯяд, ки соати 8-и бегоҳ ҳодиса рух дод ва то соати наздики 11-и шаб вай дар зери девор мондааст ва баъдан бо кӯмаки ҳамдеҳагон, вайро наҷот додаанд. Мижгона нақл мекунад, ки Таронаи 4-сола, ки ҳамроҳи онҳо дар хона паноҳ бурда буд, бо кадом роҳе дар беруни хона мемонад. Вай гуфт, вақте ин ҳодиса рух дод, Таронаро бародаронаш аз берун дар ҳоле пайдо кардаанд, ки дасту пояш ях баставу аз ҳаракат монда буд. Танҳо баъди ба хона бурдану дар гармӣ нигаҳ доштан, ба ҳаракат медарояд.
Холаи Марворид ва Холисамоҳ, ки ҳамроҳи онҳо дар хона паноҳ бурда будаанд, вақти фурӯ рехтани кӯҳпора ба боми хона, дар болои ҷойнамоз ба ибодат машғул будаанд. Мижгона нақл мекунад, ки ин ду кампир ба ибодат машғул будаанд ва аз Худо зорӣ мекарданд, ки ин офатро аз болои онҳо дур кунад ва дар болои ҷойнамоз ҷон бохтанд.
Ба нақли Мижгона, вақте боми хона фурӯ рехт, чаҳор нафар то назди дари баромадгоҳи хона медаванд ва бо афтидани девори хона, онҳо ҳам зери девор мемонанд, аммо боқӣ нафарон дар дохили хона зери хоку лой монданд. Ва танҳо вай бо духтарчааш, ки пештар ба берун меравад, аз марг наҷот меёбанд.
Ин зан писарони 6 ва 8-солаи худро дар ин ҳодиса аз даст додаст ва мегӯяд, ҳамроҳи худ танҳо духтарчааш, ки ҳанӯз ба мактаб намеравад ҷон ба саломат бурд ва писари калонияш, ки он шаб дар хонаи бибияш будааст.
Мижгона нақл мекунад, ки вақте ҳангоми фуру рехтани хона ба берун мегурехт, Маҳтоб – келини ҳамсоя ҳам бо кӯдакаш дар бағал, ки боз ҳомиладор будааст, аз паси вай мегурезад, аммо наметавонад худро ба берун расонад ва зери девор – болои пойҳо Мижгона мемонад. «Маҳтоб аз қафои ман медавид, ки девор вайро зер кард ва ба пойи ман бархӯрд, ман ҳам ба замин афтодам ва аз болоям девор афтод. Маҳтоб бо кӯдакаш дар болои пойҳои ман ҷон дод.»
Аммо Миҷгона мегӯяд, онҳо, ки ба хотири омадани об аз хонаҳои худ берун шуда буданд, баъд аз ҳодисаи нохуш дидаанд, ки ба хонаҳояшон ҳатто об ҳам нарасидааст. Вале дигар аз тақдир ҷои гурез набуд...