Талошҳо барои суръат бахшидан ба густариши доманаи Иттиҳоди гумрукӣ ва ба миён омадани баҳси пули воҳиди иттиҳод, ин баҳсро дар кишварҳои дар интизори пайвастан ба ин иттиҳод низ шиддат мебахшад.
Гармои ин баҳс дар Тоҷикистон агарчанд ба паймонаи доғии он дар Қирғизистон нест, вале ба сурати мантиқӣ дар ҳалқаҳои тахассусӣ ва коршиносӣ аз муддатҳо идома дорад. Ҳоло агарчанд бархе аз коршиносон ин равандро як амри табиӣ дар ҳамгироии кишварҳо пайвастани ҳарчи зудтари Тоҷикистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ ба манфиати пешрафти Тоҷикистон медонанд, бархе ҳам шитоб бахшидан ба онро ба ҳаводис ва таҳаввулоти ахири дар муносибатҳои Русия бо ҷомеаи байналмилалӣ пешомада унвон мекунанд.
Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, муносибат бо Иттиҳоди гумрукӣ барои Тоҷикистон чизи наве нест ва бо масоили вобаста бо он мутахассисони тоҷик зимни узвияти Тоҷикистон дар Ҷомеаи ҳамкории Авросиё, ки дар заминаи он Иттиҳодияи гумрукӣ таъсис шуд, ошно ҳастанд ва то ҷое таҷрибае ҳам ҳосил намудаанд. Бархе аз таҳлилгарон ҳатто идеяи пайвастан ба Иттиҳодияи гумрукӣ якҷо бо Қирғизистонро матраҳ мекунанд, дар ҳоле, ки бархе дигар бовар доранд, ки шитоб бахшидан ба густариши доманаи ин созмон, талоши Русия дар ҷиҳати ҷуброн намудани ҳазинаҳое мебошад, ки дар пайи ҳамроҳсозии Қрим дар инзиво қарор гирифтанаш хоҳад дид. Ин гурӯҳи коршиносон бештар нигарони дар пайи пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон афзудани вобастагиҳои сиёсии Душанбе ба Маскав мебошанд.
Дар ҳар сурат, таҳлилгарони тоҷик ба гуфтаи худи онҳо, вақти кофӣ доштанд ва ҳоло ҳам доранд, ки ба масъалаи Иттиҳоди гумрукӣ аз чанд сол ба ин ҷониб бипардозанд ва то кунун талош шудааст, ки суду зиёни пайвастан ба ин иттиҳод бештар рӯшан шавад. Собир Вазиров, таҳлилгар ва иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки феълан се гузина барои кишварҳои минтақа ҷиҳати ҳамгироӣ ва рушди иқтисодӣ дар пеши рӯ мебошад, ки ҳар се он ҳам аз ҷониби қудратҳои бузург матраҳ шуда ва умадан манофеъи худи қудратҳоро дар назар дорад. Ду тарҳи эҳёи Роҳи бузурги абрешими чинӣ ва Ғарбӣ ва ҳам тарҳи Русия, ки Иттиҳоди гумрукӣ мебошад.
Оқои Вазиров мегӯяд, беҳтарин гузина барои Тоҷикистон дар ин миён Иттиҳоди гумрукӣ мебошад. Ва Тоҷикистон бояд ба талошҳои худ барои пайвастан ба ин иттиҳод ҷиддан идома диҳад ва ҳатто бояд ҳамроҳ бо Қирғизистон ба он ҳамроҳ шавад: «Иттиҳоди гумрукӣ ба Тоҷикистон аз нигоҳи иқдисодӣ имтиёзҳои зиёд хоҳад дод. Аз он сабаб, ки вобастагии иқтисодии мо ба се кишвари узви Иттиҳоди гумрукӣ -- Русия, Белорус ва Қазоқистон бе ниҳоят зиёд ҳаст мо бояд ин равандро идома диҳем. Ва имтиёзҳое, ки метавонад он ҷо бошад, онро аз даст надиҳем.»
Аммо дар айни ҳол, ин таҳлилагари тоҷик роҷеъ ба паёмадҳои дигар ва дар марҳилаи аввал аз нигоҳи иқтисодӣ зиёновари узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ низ сӯҳбат мекунад. Ӯ мегӯяд, дар сурати узвият дар ин иттиҳод, дар кӯтоҳмуддат зиёни иқтисодии онро ҳам эҳсос хоҳем кард: «Зарар аз чӣ иборат метавонад бошад? Он тарифҳо ва боҷҳои гумрукие, ки дар Иттиҳоди гумрукӣ ҳастанд, назар ба Тоҷикистон баланд мебошанд. Дар сурате, ки агар фарз кардем, фардо ҳамроҳ шавем, буҷа маблағҳои зиёде талаф хоҳад дод. Зеро вобастагии буҷаи мо аз воридот ва андозбандии дохилии молҳои воридшаванда аз хориҷ зиёд аст. Пас дар раванди ҳамроҳ шудан ин масъалаҳо бояд ба назар гирифта шавад, то зиёни эҳтимолӣ камтар карда шавад.»
Аммо ин коршинос дар дарозмуддат ҳузури Тоҷикистон дар Иттиҳоди гумрукиро ба суди манофеи миллӣ ва иқтисодии Тоҷикистон медонад. Аммо бархе дигар аз соҳиназарон истифодаи комили Тоҷикистон аз имтиёзҳои Иттиҳоди гумрукиро ғайри воқеъӣ медонанд. Зеро як шарти ҳамроҳ шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ, доштани марзи муштарак бо яке аз кишвраҳои узви он мебошад. Ва Тоҷикистон танҳо дар сурати узвияти Қирғизистон имкон дорад ба он бипайвандад. Аммо Тоҷикистон ва Қирғизистон байни худ роҳи оҳан, ки воситаи аслии ҳамлу нақли мол аст, надоранд. Ҳамсояи дигари Тоҷикистон Узбакистон аст, ки майле барои ин ҳамгироӣ надорад.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, бояд интизор шуд ва дид, ки Қирғизистон ба ин созмон бипайвандад, то бубинем, ки чӣ суду зиён ба даст хоҳад овард. Ва он гоҳ дар заминаи таҷрибаи Қирғизистон, ки вазъи мушобеҳи иқтисодие бо Тоҷикистон дорад, имкон дорад, ки тасмим гирифта шавад.
Ӯ мегӯяд: «Ман ба наздикӣ дар Алмато ва Бишкек будам, ки роҷеъ ба ҳамин масъалаҳо гуфтугӯҳое вуҷуд дошт. Ба назар мерасид, ки Қирғизистон на чандон моил аст барои ворид шудан ба ин иттиҳод. Зеро таҷрибаи Қазоқистонро таҳлил намуда буданд ва ин таҷриба нишон медиҳад, ки ба гуфтаи онҳо ҳамкориҳо беҳтар аст дуҷониба сурат бигиранд. Тоҷикистон агар ворид шавад ҳам, ин хусусияти сунъӣ пайдо мекунад.»
Аммо кам касе аз таҳлилгарон шак доранд, ки ба думболи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ, муддати зиёде тӯл бикашад, то Тоҷикистон низ вориди ин иттиҳод шавад. Аммо масъала ин аст, ки вобаста ба авзои ҳоким дар Қирғизистон ва таҳаввулоте, ки дар гироиши равобити байналмилал пеш омада, оё Бишкек ба ин зудӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ хоҳад пайваст?
Албатт бархе аз таҳлилгарони ғарбӣ ҳам ин масъаларо матраҳ мекунанд, ки Русия дар садади барқарории навъи дигаре аз Шӯравии пешин аст ва густариши Иттиҳоди гумрукӣ пешзаминаи ин иқдом ва заминачинӣ барои он аст. Вале боз ҳам суоли дигар ин аст, ки оё густариши доманаи Иттиҳоди гумрукӣ танҳо ба хосту талошҳои Русия бастагӣ дорад ва вобаста ба ҳаводиси ахири Украина ва таҳаввул дар равобити байналмилал ба чолишҳои ҷиддитаре ҳам рӯбарӯ хоҳад шуд?