Додгоҳе дар шаҳри Душанбе теъдоде аз волидайни тоҷикро барои беэътиноӣ ба таҳсили фарзандон ҷазо додааст.
Аз ҷумла Қиматой Шарипова, модари Заринаи ноболиғро, ки бе сабаб аз моҳи сентябр то моҳи декабр ба дарс нарафтааст, 80 сомонӣ ҷарима кардааст.
Додгоҳ мегӯяд, ки модари Зарина бо чунин беэътиноӣ ба таҳсили духтараш масъулияташ дар тарбияи фарзандро ба таври муносиб иҷро накардааст, ҳарчанд вазифадор аст, ки бар асоси қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Кодекси маъмурӣ дар тарбияи ӯ саҳлангорӣ накунад. Зебуниссо Маҷидова модари Шаҳнозаи 14-соларо ҳам додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо айни “гуноҳ” чиҳил сомонӣ ҷарима кардааст, зеро духтари ӯ ҳам се моҳи аввал таҳсил бе ҳеҷ сабаб ба дарс ҳозир нашудааст.
Бибиҳо низ барои бепарвоӣ дар тарбияи набераҳо ҷазо гирифтаанд ва яке аз онҳо Садаф Ҷамолова аст, ки парастори қонунии Мадинаи Худойдоди 14-сола аст. Мадина низ бе сабаб аз моҳи сентятбр то моҳи декабри соли 2013, 72 соат дар дарсҳо ширкат накардааст ва аз ин рӯ додгоҳ бибии ӯро барои чунин беэътиноӣ 80 сомонӣ ҷарима кардааст. Мадина аз он сабаб дар дасти бибиаш будааст, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шудаанд ва парастори аслии Мадина, яъне падараш дар Русия мардикорӣ мекунад.
Лола Ашурова, бибии Нодираи 17-сола ва хонандаи синфи 11-ро, ки модараш шавҳари дуввум кардааст ва парасториаш бар ӯҳдаи бибиаш аст, барои он 80 сомонӣ ҷарима кардаанд, ки иҷоза додааст, Нодира се моҳ бе ҳеҷ сабаб дар дарсҳо ширкат накунад. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ин ҳукмҳоро ахиран дар вебсайти худ нашр кард. Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» соли 2011 қабул шуд ва то кунун садҳо нафарро бар асоси ҳамин қонун барои бепарвоӣ ва ё беэътиноӣ дар тарбияи фарзанд ба додгоҳ кашида ва ҷарима кардаанд.
Бар асоси ин қонун кӯдакон ҳақ надоранд ба мактаб телефони ҳамроҳ баранд ва ё носу сигор кашанд ва ба масҷид бираванд. Даҳҳо волидайни дигар барои ҳамин гуна рафтори фарзандашон, яъне ба мактаб бурдани телефон ва ё дарсро монда ба намози ҷумъа рафтан ҷарима шудаанд.