Аз ин ба баъд, дар ҳолати роҳ ёфтани иштибоҳҳо дар адабиёти таълимӣ, барои муаллифони ин китобҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Шӯрои Маҷлиси Намояндагон дар ҷаласаи навбатии худ, ки 14-уми апрел таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи қонун «Дар бораи адабиёти таълимӣ»-ро барои нахустин бор муҳокима карданд.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тарҳи мазкур бо назардошти иштибоҳу ғалатҳои имлоиву маънавие, ки дар китобҳои дарсӣ ва таълимӣ роҳ дода мешавад ва барои бештар кардани масъулияти муаллифони китобҳо, таҳия шудааст.
Ин тарҳи қонун аз тарафи кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон таҳия шудааст. Лутфулло Саидмуродов, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки қонуни мазкур масъулияти муалифони китобҳои дарсиро бештар мекунад, ки ба иштибоҳҳо роҳ надиҳанд.
Лутфуллоҳ Саидмуродов афзуд, «дар моддаи ахири ин қонун махсус зикр шудааст, ки дар сурати ба иштибоҳҳо роҳ додани муаллиф ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳад шуд». Вай афзуд, ки дар қонуни мазкур ҳама меъёрҳои навиштани китоб ва нашри адабиёти таълимӣ зикр карда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта "харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтарбача кард." --ин тезгӯяк дар китоби дарсии синфи 3 ба нашр расида, ба интиқодҳо рӯбарӯ шудааст. Яке аз волидон бо овардани ин намуна аз китоби дарсии «Забони модарӣ», дар саҳифаи Фейсбуки худ сатҳи чопи китобҳои дарсӣ барои мактаббачаҳоро ба чолиш кашида аз мутахассисони Вазорати маориф даъват кардааст, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ ҷиддитар бархӯрд кунанд.
Гулнора Раҳмонова, як сокини Душанбе дар саҳифаи Фейсбуки худ ба унвони намуна тезгӯяк аз китоби дарсӣ барои синфи 3 ум «Харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтарбача кард"- ро баҳс кашид.
Комилҷон Исоев, раиси маркази таълимии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ мегӯяд, тезгӯяки «Харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтарбача кард» воқеан дурушт буда, ба зеҳни талабаи синфи се мувофиқ нест. Гулнора Раҳмонова гуфтааст, дар зери матни ин тезгӯяк оварда шудааст, ки ибораҳои исму сифати онро нишон диҳед, вале магар мешавад барои талабаи синфи ибтидоӣ ба ҷои даҳҳо мисолҳои равону шево ин гуна тезгӯякро пешниҳод кард?
Китоби «Забони модарӣ» барои синфи 3-ро дар таҳияи 4 муаллиф - Абдуллоев Ибодулло, Абдуллоев Зайнулло, Бозоралӣ Боронов ва Зафар Дорғабеков ва зери таҳрири забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов ба нашр расидааст. Мушовирони нашри ин китоб академик Маҳмадулло Лутфуллоев ва шоири маъруф Низом Қосим будаанд.
Комилҷон Исоев - раиси маркази таълимии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ мегӯяд, дар вазорат барои шикояти волидону хонандагон ва боқӣ мардум ғурфаҳои махсус сохтаанд, ки ҳар нафар метавонад шикояти худро аз тариқи ин ғурфаҳо ироа кунад.