Ҷудоихоҳони рустабор болои бинои ҳукумати шаҳри Славянски Украина парчами Русияро насб намуданд.
Дар ин бора мири Славянск Неля Штепа хабар дод ва гуфт, ки тақрибан ҳазор нафар вориди бинои ҳукумат шудаанд. Рӯзи шанбе, 12 апрел, рустаборҳо, ки худро аъзои “гурӯҳи ташаббускори Ҷумҳурии Донетск” муаррифӣ кардаанд, биноҳои шӯъбаи милиса ва бахши маҳаллии Хадамоти амнияти Украинаро ҳам забт намуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо амалиёти забти шаҳр аз он шурӯъ шуд, ки тақрибан 15 марди мусаллаҳ бинои шӯъбаи милисаро ишғол ва ҳама кормандон, ба ҷуз, навбатдорҳоро, аз бино берун карданд. Онҳо аз бинои шӯъбаи милиса тақрибан 400 туфангча ва беш аз 20 автоматро рабуданд.
Муовини аввали вазири умури дохилии Украина Владимир Евдокимов рӯзи шанбе ба хабарнигорон дар Киев гуфт, ки сарвари шӯъбаи милисаи Славянск бо ғосибони бино вориди гуфтушунид шудааст. Аз ин пеш вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков дар Фейсбук навишт, ки вокуниш ба ин амалкарди афроди мусаллаҳ қатъӣ хоҳад буд, зеро, ба гуфтаи ӯ, “эътирозгарон ва террористҳо аз ҳам фарқ доранд”.
Анна Райская, таҳлилгари масоили сиёсии муқими шаҳри Киев, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ҳам мақомоти Украина ва ҳам таҳлилгарони маҳаллӣ дар ҳаводиси Славянск ва умуман манотиқи шарқии Украина дасти
Маскавро мебинанд, ки дар “заъифтарин нуқтаи таърихи навини Украина ба ин гуна дасисаҳо даст мезанад ва ба ин васила мехоҳад нуфузашон болои ин кишварро дубора ба даст оварад”.
Ба гуфтаи Анна Райская, "ҳукумати марказии Украина имрӯз воқеъан ҳам заъиф аст ва робитаи давлат бо полис ва полиси зидди шурӯш аз ҳам пошидааст. Ҳоло ҳам бисёр ниҳодҳои полис аз иҷрои дастурҳои Киев сарпечӣ мекунанд". Аз сӯи дигар, ба гуфтаи мусоҳиби мо, густурда шудани низоъ дар шарқи Украина ва, аз ҷумла, аз роҳи истафодаи нерӯ ба хотири озод кардани биноҳи забтшуда ба манфиати Укрина нест, зеро баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи ояндаро зери суол мебарад.
Зимнан, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ҳам дар сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои украинияш Андрей Дешитса изҳор намуд, ки таҳдидҳо дар бораи истифодаи нерӯ барои аз эътирозгарон озод кардани биноҳо дар Донетск ва Луганск ғайри қобили қабуланд. Бар пояи иттилои вазорати умури хориҷии
Русия, дар ҷараёни сӯҳбат Андрей Дешитса талош кард, ки масъулити ноором шудани авзоъ дар шарқи Украинаро бар дӯши Маскав ва ҷосусҳои рус гузорад. Лавров дар посух гуфт, ки Украина ва ИМА барои ин гуна иттиҳом далеле надоранд.
Аз ин пештар идораи сиёсати берунаи Маскав ниҳоӣ шудани тасмим дар бораи баргузории мулоқоти “чаҳоргона” оид ба ҳалли бӯҳрони Украинаро рад кард. Рӯзи шанбе хабаргузориҳо бо такя ба манбаъҳо дар Брюссе ва Вошингтон иттилоъ доданд, ки ин мулоқот рӯзи 17 апрел дар Брюссел баргузор хоҳад шуд ва лар баррасии мушкилоти Украина масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон, вазири умури хориҷии Украина Андрей Дешитса, раҳбари идораи сиёсати берунаи ИМА Ҷон Керрӣ ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ширкат хоҳанд кард. Доираҳои дипломатии Иттиҳодияи Аврупо пешниҳоди ҷониби Русия дар мавриди дар мулоқоти Брюссел ширкат кардани намояндагони манотиқи шарқии Украинаро рад карданд. Дар идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо бар ин назаранд, ки Украина мавзӯъи ширкати намояндагонаш дар мулоқот чаҳоргонаро бояд мустақилона ҳал намояд.